Толибон ба муқовимати мусаллаҳонаи афзояндаи ҷиноҳҳои ҳукумати қаблӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Шуморе аз гурӯҳҳои хурди муқовимат бо ҳамла дар чанд вилоят, дар баробари ҳукумати Толибон муқовимати мусаллаҳона мекунанд.
Дар ду даҳсолаи гузашта Толибон ҳамасола ҳамлаҳои хунини баҳориро барои дубора ба даст овардани қудрати аз дастрафтаашон дар тирамоҳи соли 2001, роҳандозӣ мекарданд.
Бо об шудани барфҳо дар кӯҳҳои Афғонистон, ҷангҷӯёни Толибон ҳамлаҳои худро ба мақомот ва нерӯҳои ҳукумати мавриди пуштибонии Ғарб ва сарбозони кишварҳои НАТО ва ҳампаймонҳои он шиддат мебахшиданд.
Ҳоло дар як тағйири нақшҳо, ҷиноҳҳои ҳукумати суқуткардаи Афғонистон иддао доранд, ки дар бисёре аз вилоятҳо даст ба ҳамлаҳо задаанд. Ба назар мерасад, ки ин ҳамлаҳои ноҳамоҳанг мебошанд.
Ин гурӯҳҳо аз нерӯҳои амниятии омӯзишдида тавассути Ғарб истифода мекунанд, ки дар ҳукумати қаблӣ кор мекарданд, аммо пас аз тасаллути Толибон ба Афғонистон дар ҳашт моҳи пеш, шуғли худро аз даст доданд.
Раҳбарони пешини ҳукумати мавриди ҳимояти Ғаб дар Кобул умедворанд, ки ҷангҳои чирикӣ боиси хезиши умумимиллӣ алайҳи Толибон мешавад.
Онҳо ҳамчунин дар ҳоли ҷалби кӯмаки ҳамсояҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ ҳастанд, ки нигарони бозгашти гурӯҳҳои даҳшатафкане, чун Шохаи Хуросони гурӯҳи ДОИШ, ба ин кишвар мебошанд.
Толибон ҳамзамон, муқовиматгаронро кӯчак ва ночиз медонанд.
Кӣ зидди Толибон меҷангад?
Як мақоми пешин дар Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, ки ба муқовимати зидди Толибон наздикӣ дорад, ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "пас аз ба қудрати расидани Толибон ҳеҷ чиз тағйир накард". Ӯ дар идома афзуд, "ман мутмаин ҳастам, ки мо шоҳиди як хезиши бисёр бузургтар алайҳи Толибон хоҳем буд".
Яке аз гурӯҳҳои қобили мулоҳизаи зидди Толибон , Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мебошад, ки аз сӯи Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари фақиди Иттиҳоди Шимол раҳбарӣ мешавад. Аҳмадшоҳи Масъуд то замони кушта шуданаш аз сӯи Ал-Қоида дар ду рӯзи пеш аз ҳамлаҳои террористии 11-и сентябри соли 2001, ҷабҳаи зиддитолибонии Иттиҳоди Шимолро раҳбарӣ мекард.
Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон, ки низ аз Панҷшер мебошад, аз ҳампаймонҳои Аҳмади Масъуд мебошад. Ҳар ду дар моҳи сентябр, чанд ҳафта баъд аз суқути Кобул ба дасти Толибон, Панҷшерро тарк карданд. Ҷонибдорони онҳо ҳанӯз ҳамлаҳои парокандаеро дар Панҷшер алайҳи Толибон анҷом медиҳанд.
Тарафдорони собиқи вазири корҳои дохилии Афғонистон Масъуд Андаробӣ ҳамлаҳои то ҳадде муназзамтареро зидди Толибон дар минтақаи Андароб, воқеъ дар вилояти Бағлон анҷом додаанд.
Яке аз муҳимтарин даргириҳо ҳафтаи гузашта дар шаҳри Мазори Шариф миёни ҷонибдорони Ато Муҳаммади Нур ва Толибон рух дод. Суҳайл Змарай, хоҳарзодаи Ато Муҳаммади Нур дар ин даргирӣ кушта шуд ва Толибон ҳам инро таъйид карданд.
Тибқи бархе гузоришҳо, ҷонибдорони собиқ фармондеҳи пулиси Қандаҳор генерал Абдурозиқ омодаи пайвастан ба муқовимат дар ин вилоят мебошанд.
Дар ҳафтаҳои ахир аз ҳамлаҳо дар вилоятҳои Кописо, Парвон, Бадахшон, Тахор, Ғур, Сарипул ва Ҷузҷон гузоришҳо нашр шуд. Ин хушунатҳо аз ҳамлаҳои Шохаи Хуросони гурӯҳи ДОИШ, ки ин моҳ масҷидҳои шиаиён ва мактабҳои онҳо дар Кобул ва чанд шаҳри дигари Афғонистон ҳадаф қарор доданд, фарқ мекунанд.
Собиқ вазири дифоъ Бисмиллоҳхон, собиқ фармондеҳи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон Ёсин Зиё ва Абдулғанӣ Алипур, як фармондеҳи ниманизомиёни ҳазора, аз чеҳраҳои шинохтаи муқовимат ном бурда мешаванд.
"Толибон барои мо ҳеҷ чиз пешниҳод накарданд",-гуфт Аҳмад Масъуд моҳи гузашта дар як паёми видеоӣ дар шарҳи чигунагии музокироти худ бо Толибон. "Онҳо барои мо ду чиз пешниҳод карданд -- таслим шудан ва баъйат кардан бо Толибон"-афзуд Масъуд.
Чаро муқовимат зидди Толибон?
Сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон зоҳиран сабаби афзоиши муқовимати мусаллаҳона дар баробари ин аст. Гурӯҳҳои мухолиф иддао доранд, ки ҳамлаҳоро алайҳи мақомоти Толибон ва ҷанҷӯёни ин гурӯҳ дар чандин вилоят онҳо анҷом додаанд.
Як мақоми пешини Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, "гурӯҳҳои зидди Толибон дар ҳама ҷойи Афғонистон пуштибонӣ мешаванд. Онҳо фақат мунтазиранд то бубинанд, ки ваъз дар зери султаи Толибон чигуна пеш меравад".
Ин мақом мегӯянд, раҳбарони ҳукумати пешин, ки дар муқовимат даст доранд, талош мекунанд дар атрофи як идея дар гуфтугӯҳои ҷорӣ муттаҳид шаванд. "Дар зудтарин фурсат нишасте дар Аврупо доир хоҳад шуд".
Мақомоти ҳукумати пешин ва ҷансолорҳо чун раҳбари узбекҳо Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ, яке аз раҳбарони ҳазораҳо ва ва Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх, таҷрибаи тӯлонии ҷангро доранд.
Ҳамчунин нишонаҳое вуҷуд дорад, ки раҳбарони пешини артиши Афғонистон талош мекунанд, то нерӯҳои худро ҷамъоварӣ кунанд.
Генерал-лейтенант Самеъ Содот мегӯяд, "Толибон барои мо чорае нагузоштаанд, ҷуз ин ки дубора силоҳҳои худро бардорем то озодии худро ба даст оварем".
Генерал Содот соли гузашта бо Толибон набардҳои сахте дошт ва ба унвони як раҳбари низомии тавоно шинохта мешавад. Вай афзуд, "мо ҳама гомҳои амалиро барои ватани худ хоҳем бардошт. Инҳо шомили фаъолиятҳои сиёсиву маданӣ ва мушорикати низомӣ аст".
Толибон таҳдидҳоро нодида мегиранд
Аммо Толибон ин таҳдидҳоро нодида мегиранд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо метавонем ин талошҳои кӯчак ва парокандаро назорат кунем. Мо маълумотҳои даркориро барои пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин талошҳое дорем".
Сухангӯи ҳукумати Толибон дар идома гуфт, пас аз чаҳор даҳа ҷанг, Афғонистон пур аз аслиҳа аст, ки ҳамлаҳоро осон мекунад. Бо ин ҳол, нерӯҳои мо метавонанд амнияти мардумро таъмин кунанд ва алайҳи касоне, ки талош мекунанд дар муқобили ҳукумати мо муқовимат кунанд, биистанд".
Кет Кларк, яке мудирони Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "оппозитсияи мусаллаҳ, ки зуҳур кардааст, аз назари меъёрҳои таърихӣ дар мавқеияти нисбатан заифе қарор дорад: ҳеҷ қаламраверо дар ихтиёр надорад ва ҳеҷ ҳамсоя ё қудратҳои бузурге аз он ба таври ошкоро ҳимоят намекунад".
Пас аз ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979, нерӯҳои муҳоҷиддин аз сӯи қудратҳои хориҷӣ пуштибонӣ мешуданд. Муҳоҷидин, ки Шӯравиро маҷбур ба хуруҷ аз Афғонистон карданд, аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва Покистон ҳимоят мешуданд. Аммо нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ва ҳампаймонҳои ғарбии онҳо дар решакан кардани Толибон ноком шуданд, зеро онҳо ба паноҳгоҳҳои амн дар Покистон паноҳ бурда буданд.