Роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" истеъфои сармураббиро напазируфт

Рустам Хоҷаев.

Чунонки қаблан сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода буд, пас аз бохти «Хуҷанд» дар майдони худ дар даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 аз КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 сармураббии даста Рустам Хоҷаев тасмим гирифт, ки аз вазифааш истеъфо диҳад.

Ба иттилои сомонаи клуби футболи “Хуҷанд”, роҳбарияти бошгоҳ истеъфои сармураббиро напазируфт, бинобар ин Рустам Хоҷаев вазифаашро тибқи қарордод то 2-юми июли соли равон идома медиҳад. Ӯ 18-уми январи соли 2021 ба ин вазифа таъйин шуда буд.

Бояд гуфт, ки ин мутахассиси 49-сола солҳои 2017 - 2018 низ дар вазифаи сармураббии «Хуҷанд» кор кардааст. “Хуҷанд” бо раҳбарии ӯ соли 2017 медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 беҳтарин мураббии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Дар мавсими соли 2020 Хоҷаев ба ситоди мураббиёни «Хуҷанд», ки ба он Никола Лазаревич раҳбарӣ мекард, шомил шуд. Баъди аз даста рафтани мутахассиси сербиягӣ ӯ иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ гардид. Бо омадани Ҳаким Фузайлов ба «Хуҷанд» ҳамчун сармураббӣ Хоҷаев ёвари ӯ шуд. Баъдан Фузайлов сармураббии бошгоҳи «Динамо»-и Самарқанди Узбекистон таъйин гардид ва Хоҷаев боз сармураббии «Хуҷанд» таъйин гардид.

Соли гузашта «Хуҷанд» бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.

Ин мутахассиси пуртаҷриба, инчунин, солҳои мухталиф ҳамчун сармураббӣ дар дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Барқчӣ»-и Душанбе, «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва КМВА-и Душанбе кор кардааст.

Рустам Хоҷаев аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2013 беҳтарин мураббии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд. Ҳамон сол дастаи «Хайр» бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии кишварро ба даст оварда, инчунин барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардидааст.

Рустам Хоҷаев, ки дорои муҷаввизи мураббии дараҷаи «А» мебошад, дар гузашта ҳамчун футболбоз ба ҷуз аз дастаҳои Тоҷикистон, дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон ва Беларус бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш чаҳор гол задааст.

“Хуҷанд” - ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021 дар чаҳор бозии мусобиқаи имсола яктоашро ба нафъи худ анҷом дода, яктоашро мусовӣ кардааст ва дар ду дидор шикаст хӯрдааст. Ҳоло “Хуҷанд” бо чаҳор имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои чаҳорум қарор дорад.

Вазъи ногувори даста мақомотро ба ташвиш андохтааст. Бинобар ин роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо футболбозону мураббиёни даста ҷаласаи корӣ баргузор карданд, ки дар ҷараёни он бисёр масъалаҳои ҳалталаб баррасӣ шуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки ба футболбозон саривақт музди меҳнат пардохт карда намешавад. Инчунин дар ҳайати даста нисбат ба соли гузашта тағйироти зиёд ба амал омад, аз ин рӯ, бояд ба даста футболбозони моҳир даъват карда шаванд. Аммо барои ин бошгоҳ ба кӯмаки молӣ ниёз дорад.

Масъулин ваъда доданд, ки барои ҳалли камбудиҳо чораҳои фаврӣ меандешанд. Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои ҳалли масъалаҳои молӣ ба бошгоҳи футболи «Хуҷанд» аз буҷети шаҳр 100 ҳазор сомонӣ ихтисос дод.