Сокинони чанд деҳаи Исфара, ки хонаҳояшон дар муноқишаи се моҳ пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вайрон шудааст, мақомотро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карданд. Онҳо мегӯянд, се моҳ боз дар ба дар гаштаанд, вале мақомот бо ваъдаи “имрӯзу пагоҳ” манзили онҳоро барқарор намекунанд. Мақомот мегӯянд, зиёни расидаро муайян карда, барои ҷуброн ба ҳукумат пешниҳод карданд.
"8-уми март гузашт, Наврӯз ҳам. Насохтанд"
Дар сарҳад зиндагӣ кардан осон нест. Мо як пора хоки ватан гуфта, дар инҷо ҳастем. Метавонам гузошта равам. Имрӯз ман меравам, пагоҳ каси дигар, кӣ ҳимоят мекунад?Тоҳир Мирзоев
Як хумпора дар муноқишаи шаби 27 ба 28-уми январи имсол манзили Тоҳир Мирзоевро вайрон кард. Хонаи ин сокини Чоркӯҳи Исфара бо ҳама чизу чорааш ба коми оташ рафт. Аҳли хона сарсонанд. Худи Мирзоев дар манзили хешу табор меистад. Писару келинаш ба Русия рафтаанд.
Манзили қаҳрамони гузориши мо дар канори ҷамоати Чоркӯҳ дар наздикии хати марзи шартӣ бо Қирғизистон ҷойгир шудааст. Ин сокини Чоркӯҳ афзуд, мақомот дар аввал ваъда доданд, ки манзилашро дубора барқарор мекунанд.
"Се рӯз аз тамоми идораҳо омаданд, ба ҳазор ҷой имзо мондам. Гуфтанд, баъд аз 8-уми март сохтмонро оғоз мекунем. Дертар гуфтанд, пас аз ҷашни Наврӯз. Ҳамин хел имрӯзу пагоҳ гуфта, то ҳозир насохтаанд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ин бори дуюм аст, ки хонаи Тоҳир Мирзоев дар ҷараёни даргириҳои сарҳадӣ осеб мебинад. Бори аввал охири моҳи апрели соли гузашта хонаи ин сокини ҷамоати Чоркӯҳ бар асари хумпора осеб дида буд. Тоҳир Мирзоев мегӯяд, он рӯз келинаш дар хона буд ва аз садои баланди силоҳ тарсида, гирифтори бемории қалб шуд.
“Дар сарҳад зиндагӣ кардан осон нест. Мо як пора хоки ватанро ҳимоят мекунем гуфта, дар инҷо зиндагӣ дорем. Метавонам партофта равам. Қирғизҳо хурсанд мешаванд. Имрӯз ман партофта меравам, пагоҳ каси дигар, ягон ҳимоят нест,” – гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Саҳар омадем, ки хона пурра сӯхтааст"
Дар пайи муноқишаи се моҳ пеш зиёда аз 50 хона ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ ва Сурх осеб диданд. Аксар онҳо мисли хонаи Тоҳир Мирзоев вайрону валангоранд. Аз ҷумла, манзили Фарҳод Бобоев, сокини деҳаи Сомониёнро дар ҷараёни низои шаби 27-уми январ оташ задаанд. Маълум нест хонаро кӣ сӯзонд.
Ин сокини деҳаи Сомониён бо ёдоварӣ аз он рӯз гуфт, бегоҳи 27-уми январ садои силоҳро шуниданд ва баъдан ба онҳо занг заданд, ки ба поёни деҳа раванд.
“Ба маркази саломатӣ рафта, ҳамроҳи сарбозон то субҳ мунтазир истодем. Соат 10-11-и шаб буд, ки як оташ баромад. Саҳар омадем, ки хонаву дар сӯхта нобуд шудааст. Хонаро оташ задаанд, чун агар бо ягон силоҳ мезаданд, нишонааш мемонд,” – нақл кард ӯ.
Ин бори сеюм аст, ки манзили Фарҳод Бобоев дар низои марзӣ хароб мешавад. Бори аввал соли 2014 ва маротибаи дуюм моҳи апрели соли гузашта хонааш сӯхтааст.
Мақомот пас аз ҳодисаи моҳи апрел манзили Бобоев ва дигар зарардидагонро барқарор карданд. Аммо аз он ободиҳо дар манзили ин сокини деҳаи Сомониён нишоне намондааст.
Дар ҳукумати шаҳри Исфара ҳозир нашуданд, масъаларо шарҳ диҳанд. Танҳо як масъули ин идора дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, зарари расидаро ҳисоб карда, ба ҳукумати вилоят пешниҳод кардаанд. Мақомот зарарро наздики 2 миллион сомонӣ арзёбӣ кардаанд.
Дари бунгоҳи тиббӣ кай боз мешавад?
Дар низои се моҳ пеш танҳо манзили сокинон осеб надидааст. Маркази саломатии деҳаи Сомониён ҳам дар ҳодисаи шаби 27-уми январ зарар дид. Дари маркази саломатӣ баста аст. Дар деворҳои ин бунгоҳи тиббӣ осори тир мушоҳида мешавад, тирезаҳояш низ хароб шудаанд. Ин маркази саломатӣ 20-30 метр дуртар аз қисми низомии марзбонони Қирғизистон ҷойгир шудааст.
Баъзе аз сокинони деҳаи Сомониён гуфтанд, баста шудани дари ягона бунгоҳи тиббӣ мушкилашонро бештар кардааст. Ғуломхон Асламов, сокини деҳаи Сомониён, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло агар нафаре бемор шавад, ӯро ба маркази Чоркӯҳ мебаранд.
Асламов гуфт, “мо дар сарҳад зиндагӣ мекунем ва баъди як соат чӣ ҳодиса мешавад, маълум нест. Инҷо занону кӯдакон ҳастанд, марказ рафта омадан мушкил. Баъзеҳо нақлиёт доранд, баъзеи дигар не. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар вақти муайян меояд.”
Ҳанӯз маълум нест, ки манзили сокинон ва бунгоҳи тиббӣ кай барқарор карда мешаванд. Дар миёни сокинони наздимарзӣ ин назар ҳам ҳаст, ки то муайян шудани вазъ дар марз шояд манзилҳо бозсозӣ нашаванд. Чун мумкин аст, дар муноқишаи оянда боз нобуд шаванд. Сокинони зарардида мепурсанд, то муайян шудани вазъи марз онҳо дар куҷо зиндагӣ кунанд?
Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, бештар аз 300 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд ва ҳар бор якдигарро ба шурӯи даргирӣ гунаҳкор мекунанд. Ҷангу даъво асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.