Амрико ба Украина ваъдаи кумаки низомӣ кард. Русия ҳушдор дод

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА ва Ллойд Остин, вазири дифои ин кишвар бо Владимир Зеленский, президенти Украина вохӯрданд.

Ду мақоми баландпояи амрикоӣ ҳангоми сафар ба Украина ба мақомоти ин кишвар ваъда додаанд, ки ИМА ба ин кишвар 322 миллион доллари дигар кӯмаки низомӣ мекунад.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА ва Ллойд Остин, вазири дифои ин кишвар, рӯзи 24-уми апрел ба Киев рафтанд ва бо мақомоти украинӣ дидору гуфтугӯ намуданд.

Аз оғози ҷанги Русия бо Украина ИМА гуфт, садҳо миллион доллар ба ин кишвар кумак кардааст ва боз ваъдаи садҳо миллион доллари кумаки дигари иқтисодиву низомӣ кард.

Кумакҳои Амрико ба Украина хашми Русияро ба бор овардааст. Русия ба ИМА нотаи эътирозӣ фиристода, талаб кардааст, ки кумаки низомӣ ба Украинаро қатъ кунад.

Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА ба телевизиони "Россия 24" гуфтааст, ки бо ирсоли нота ба мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, бо ирсоли кумак вазъро бадтар хоҳанд кард.

Мақомоти амрикоӣ ҳуҷуми Русия ба Украинаро таҷовуз медонанд ва аз пеш ваъдаи кумак ба ин кишварро карда буданд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Ҳамлаҳои низомиёни рус ба шаҳрҳои гуногуни ин кишвар идома дорад. Садҳо нафар дар ин ҷанг кушта ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Пас аз берун шудани нерӯҳои Русия аз атрофи Киев дар он ҷо ҷасади беш аз 900 ғайринизомӣ пайдо шудааст, ки дар бадани аксарашон осори шиканҷа дида мешавад.

Аз минтақаҳое, ки Русия ғасб кардааст, хабарҳо дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои таъсиси ҷумҳуриҳои худхонда ё ба истилоҳи мақомоти Русия “ҷумҳуриҳои мардумӣ” шунида мешавад.

Мақомоти Украина баргузории ҳамагуна ҳамапурсӣ дар қаламравҳои ишғолиро маҳкум мекунанд. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки дар сурати чунин иқдом, гуфтугӯ бо Русияро комилан қатъ мекунанд.

Русия аз Украина талаб дорад, ки худро кишвари бетараф, бесилоҳи ҳастаӣ эълон кунад, мақоми забони русиро ҳифз кунад, ҷумҳуриҳои худхондаи Луҳанск, Донестк ва минтақаи Қрими ишғолиро ба расмият шиносад. Талабе, ки ҳанӯз Украина ба он посух надодааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Украина пешниҳод кард, дар Мариупол "оташбаси воқеии Пасха" эълом шавадДуоҳо ба хатми ҷанг дар Иди поки православҳои украинӣ 213 кӯдаки кушташуда дар ҷанги Русия алайҳи Украина Гутерреш пеш аз Маскаву Киев ба Анкара меравад Дар Киев Зеленский бо Блинкен ва Остин мулоқот мекунад Зарбаи мушакӣ ба Одесса "5 кушта ва 18 захмӣ" ба ҷо гузоштҲамлаи нерӯҳои Русия ба охирин паноҳгоҳ дар МариуполИстодагарии Украина "монеи пешрафти Русия шудааст"Вазири дифои Украина: Мунтазири даъват ба нишасти НАТО ҳастем