Путин гуфт, ба "Азовстал" ҳамла накунанд, вале дар муҳосира нигоҳ доранд

Владимир Путин ва Сергей Шойгу. Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба вазири дифои кишвараш, Сергей Шойгу, дастур додааст, ки нақшаи юриш ба муҷтамаи саноатии "Азовстал"-ро дар шаҳри муҳосирашудаи Мариуполи Украина бекор кунанд, вале ҳамзамон таъкид кардааст, ки онҳоро дар муҳосира нигоҳ доранд.

Владимир Зеленский, президенти Украина, мегӯяд, "вазъи сарбозону мардуми мулкӣ дар шаҳри Мариупол даҳшатбор аст". Фармондеҳи низомии нерӯҳои Украина дар "Азовстал" 20-уми апрел гуфта буд, агар ба онҳо мададе нарасад, "шояд рӯзи охирин ё соатҳои охирини ҳаёташон бошад."

Мариупол, 20-уми апрел

Дар мулоқоти телевизионии рӯзи 21-уми апрел Сергей Шойгу ба Путин гуфтааст, "тамоми Мариупол зери назорати артиши Русия ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав" аст.

Вай афзудааст, дар ҳоли ҳозир вазъ дар Мариупол ором аст ва "имкон медиҳад, ба барқарор кардани тартиботу ҳаёти осоишта ва баргардондани аҳолӣ оғоз кунем."

Русия рӯзи 20-уми апрел ба сарбозони украинӣ дар муҷтамаи саноатии "Азовсатал" шарт гузошта буд, ки аз пинҳонгоҳ берун бароянду таслим шаванд. Дар вақти таъиншуда ягон сарбози украинӣ таслим нашуд. Мардуми оддии дармонда дар "Азовстал" низ аз қароргоҳи ин корхонаи бузург берун набаромаданд.

Вазири мудофиаи Русия мегӯяд, беш аз ду ҳазор нерӯи украинӣ то ҳол дар корхонаи азими "Азовстал" мондаанд ва иддао кард, ки барои "пурра ба даст даровардани иншоот" ба онҳо ҳамагӣ чанд рӯз лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки раҳбарони гуруҳи музокиракунандаи Украина пешниҳод доранд, дар ин шаҳри муҳосирашудаи шарқи Украина як даври вижаи гуфтугӯҳо миёни Маскаву Киев барпо шавад.

Михайло Подоляк, ёвари президенти Украина ва раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин кишвар, гуфт, ҷониби онҳо ҳозир аст бе чунучаро сари мизи гуфтугӯ нишинад. То ҳол Маскав ба ин пешниҳод посух надодааст.

Ҳамзамон муовини нахуствазири Украина Ирина Верешчук 21-уми апрел гуфт, як рӯз пеш ба ҷойи 90 автобуси пешбинишуда аз Мариупол танҳо чаҳор автобус бо паноҳҷӯён аз шаҳри муҳосирашудаи Мариупол берун шуданд.

Вазири дифои Русия мегӯяд, то ин дам тавассути гузаргоҳҳои амн беш аз 142 ҳазор ғайринизомӣ аз Мариупол берун шудаанд. Мақомоти Украина мегӯянд, аз оғози ҷанги бедалели Русия танҳо ба шумораи ками гурезаҳо иҷозаи рафтан аз шаҳр дода шуд.

Ишғоли Мариупол имкон медиҳад, ки минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав бо роҳи заминӣ бо нимҷазираи Қрим бипайванданд. Русия дар соли 2014 Қрими Украинаро ишғол намудааст.

Кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки барои муқовимат алайҳи нерӯҳои таҷовузгар ба Украина силоҳи вазнин фиристода, ба зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.

"Марҳилаи дигар"-и ҳамлаи Русия. Дар Украина чӣ саҳнаҳоро диданд?