Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Зеленский гуфт, Украина то 3000 сарбозашро талаф додааст


Владимир Зеленский гуфт, омори талафот дар байни ғайринизомиёнро намедонад.
Владимир Зеленский гуфт, омори талафот дар байни ғайринизомиёнро намедонад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, аз замони оғози таҷовузи Русия ба кишвараш дар ду моҳи гузашта аз 2500 то 3000 сарбози украинӣ кушта ва бештар аз 10 ҳазор нафари дигарашон захмӣ шудаанд.

Ӯ дар мусоҳибае, ки телевизиони Си Эн Эн порчае аз онро рӯзи 15-уми апрел нашр кард, гуфт, омори талафот дар миёни ғайринизомиёнро намедонад. Русия дар ҳафтаҳои гузашта ба чандин шаҳри Украина зарба задааст ва даргириҳо байни ду тараф ҳам зиёд будаанд.

Пештар аз ин пулиси Украина дар рӯзи 15-уми апрел гуфт, ки баъди тарки вилояти Киев кардани неруҳои Русия, ки ба шарқи Украина рафтаанд, дар он вилоят бештар аз 900 ҷасади ғайринизомиёнро пайдо кардааанд.

Владимир Зеленский дар ин мусоҳиба гуфт: “Дар бораи (талафот) дар миёни ғайринизомиён гуфтан мушкил аст, чунки дар ҷануби кишвари мо шаҳрҳои Херсон, Бердянск, Мариупол ва дуртар дар шарқ дар Волноваха баста ҳастанд ва намедонем, чӣ қадар одам дар он минтақа ҳалок шудааст.”

Ба тахмини раиси ҷумҳури Украина, артиши Русия дар ин ҷанг аз 19 то 20 ҳазор сарбози худро талаф додааст, ҳарчанд Маскав чанде пеш гуфт, 1350 сарбози рус кушта шудаанд. Тасдиқи дурустии иддаоҳои ҳарду тараф номумкин аст. Хадамоти ҷосусии кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки мумкин аст, чанд ҳазор сарбози Русия ҳалок шуда бошад.

Дигар инки субҳи 16-уми апрел дар шаҳрҳои Киев ва Лвови Украина садои таркишҳо баланд шуд. Пештар аз ин Русия гуфт, ба сабаби ҳамлаи Украина ба шаҳрҳои марзии Русия ҳамлаҳо ба Украинаро зиёдтар мекунад. Дар субҳи ин рӯз бонги хатар дар бисёре аз шаҳрҳои Украина баланд шуд ва кишвар худро барои як рӯзи дигари ҷанг омода кард, ки Русия онро рӯзи 24-уми феврал бесабаб оғоз кард.

XS
SM
MD
LG