"Алифбонк" мехоҳад корашро бар асоси шариати исломӣ раҳандозӣ кунад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт.

Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт. Иддае онро хилофи низоми дунявӣ донистанд. Масъулони Бонки Алиф мегӯянд, ба зудӣ ба тарзи бонкдории исломӣ гузаштанӣ ҳастанд ва онро қонун манъ намекунад. Бонки Миллӣ ҳанӯз хулоса надодааст.