Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия дар рӯёндани маошашон аз корфармоён мадад кардаанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, имсол 49 шаҳрванди кишвар аз нагирифтани ҳақмуздашон шикоят ва дархости ёрӣ карданд.
Ин ниҳод мегӯяд, бо мусоидати он ва дар натиҷаи музокирот корфармоён беш аз ду миллион рубли русиро ба муҳоҷирони тоҷик баргардондаанд.
Ҷузъиёти сабабҳои таъхир дар пардохти маоши муҳоҷирони корӣ нашр намешавад, вале Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои пеш наомадани чунин мушкил шаҳрвандон бояд ҳуқуқи худро аз пеш андеша кунанд.
Аз ҷумла, имзои ҳатмии шартнома бо корфармо як талаботи муҳим барои пешгирӣ аз вайрон кардани ҳуқуқи коргар гуфта мешавад.
Машварати мақомот ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як нусхаи шартномаро ба идораи минтақавии пулис супоранд, то баъд аз анҷоми муҳлати патент бидуни убури сарҳад ин иҷозатномаи кор боз барои як соли дигар дароз карда шавад.