Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чаҳоруми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 боз бо бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешавад.
Бозии қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» муқобили барандаи феълии Лигаи қаҳрамонҳои AFC - “Ал-Ҳилол” шаби 19 ба 20-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ барпо мегардад. Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд соати 23:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 01:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” се рӯз пеш дар ин варзишгоҳ дар даври сеюми мусобиқа аз тими “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Тӯбро капитан ё сартими даста Салмон Ал-Фараҳ дар дақиқаи 52-юм ба ҳадаф расонд. Ин голи ягона ба “Ал-Ҳилол” се имтиёз овард.
“Ал-Ҳилол” аз ин пеш бар “Шарҷа” бо ҳисоби 2:1 ва “Ал-Райён” бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд ва дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи «А» бо 9 имтиёз ҷои аввалро касб кардааст.
“Истиқлол” бошад, дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 бори сеюм ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд. Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар даври аввал аз бошгоҳи «Ал-Райён»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 ва дар даври дуюм аз тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “А” бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад.
“Шарҷа” ва “Ал-Райён” бо чаҳоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шудаанд. Ин ду даста имрӯз, 19-уми апрел, дар даври чаҳорум бо ҳам рақобат мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар ду минтақа – Ғарб ва Шарқ – сурат гирифтааст. Бозиҳо дар минтақаи Ғарб дар Арабистони Саудӣ, дар шаҳрҳои Риёз (гурӯҳҳои «А» ва «В»), Ҷидда (гурӯҳи «С»), Бурайда (гурӯҳи «D») ва Даммом (гурӯҳи «Е»), то рӯзи 27-уми апрел идома меёбанд.
Тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаҳои хубтар ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН» – 2:3
Голҳо: Шаҳром Сулаймонов, 3 (1:0). Ёсин Браимӣ, 8 (1:1). Йоҳан Боли, 44 (1:2). Муҳаммад Исоев, 66 (2:2). Йоҳан Боли, 71 (2:3).
8-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.
«АЛ-ҲИЛОЛ» – «ШАРҶА» - 2:1
Даври 2-юм
«ШАРҶА» - «ИСТИҚЛОЛ» –– 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 29 (0:1). Кайо Лукас Фернандес, 54 (1:1). Бернард Анисио, 57 (2:1).
11-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.
«АЛ-ҲИЛОЛ» – «АЛ-РАЙЁН » - 3:0
Даври 3-юм
«АЛ-ҲИЛОЛ» – «ИСТИҚЛОЛ» - 1:0
Гол: Салмон Ал-Фараҳ, 52.
Сардовар: Аҳмад Абубакр (Умон).
15-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд. 13 158 тамошобин.
«ШАРҶА» – «АЛ-РАЙЁН» - 1:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
“АЛ-ҲИЛОЛ” (Арабистони Саудӣ) |
3 |
3 |
0 |
0 |
6-1 |
9 |
2 |
“ШАРҶА” (Имороти Муттаҳидаи Араб) |
3 |
1 |
1 |
1 |
4-4 |
4 |
3 |
“АЛ-РАЙЁН” (Қатар) |
3 |
1 |
1 |
1 |
4-6 |
4 |
4 |
“ИСТИҚЛОЛ” (Тоҷикистон) |
3 |
0 |
0 |
3 |
3-6 |
0 |
Даври 4-ум
19-уми апрел (сешанбе)
«Ал-Райён» - «Шарҷа»
«Истиқлол» – «Ал-Ҳилол»
Даври 5-ум
23-юми апрел (шанбе)
«Ал-Райён» – «Истиқлол»
«Шарҷа» - «Ал-Ҳилол»
Даври 6-ум
27-уми апрел (чоршанбе)
«Истиқлол» – «Шарҷа»
«Ал-Ҳилол» – «Ал-Райён»