Дар Тоҷикистон барномаи шабеҳи Гуглро офаридаанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ мехоҳанд, барномаҳои шабеҳи Гугл ва Яндексро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Муаллифони системаи ҷустори миллӣ бовар доранд, ки корашон барои Тоҷикистон муҳим аст. Мутахассисон барои муваффақ шудани ин тарҳ роҳи мушкилеро пешбинӣ мекунанд.