Дар мусобиқае дар Душанбе давандаҳо аз Кения ва Эфиопия ғолиб шуданд

Ниммарафони XII байналмилалӣ дар Душанбе. Акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

Ниммарафони XII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 16-уми апрел дар Душанбе доир гардид, бо пирӯзии варзишгарон аз Кения ва Эфиопия хотима ёфт. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари давандаҳои тоҷик беш аз 10 варзишгар аз 7 кишвари хориҷӣ ширкат варзиданд.

Ниммарафони XII байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, аз майдони назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ба поён расид.

Дар байни мардон Тоо Лазарус аз Кения бо натиҷаи 1:05.39 ғолиб шуд. Ҷирма Тилаҳун аз Эфиопия бо натиҷаи 1:06.43 ҷои дувум ва Шафар Виталий аз Украина бо натиҷаи 1:07.08 ҷои севумро гирифтанд. Нурсултон Кемшибеков (Қирғизистон, 1:07.28) ҷои чаҳорум, Шоҳрух Давлатов (Узбекистон, 1:08.34) ҷои панҷум ва Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон, 1:14.15) ҷои шашумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Течу Бекелу Абебе (Эфиопия, 1:16.07) ғолиб омад. Ҷои дувум насиби Нҷау Мари Венчуи (Кения, 1:18.39) гардид. Ҷои севумро Гулшаной Сатторова (Қирғизистон, 1:20.42) азони худ кард. Екатерина Тунгушкова (Узбекистон, 1:22.13) чаҳорум шуд. Ду варзишгари тоҷик - Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:33.23 ҷои панҷум ва Зулҳиҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:33.41 ҷои шашумро гирифтанд.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, доир мешавад.

Маблағи ҷоизаҳои Ниммарафони XII байналмилалӣ 446160 сомониро ташкил медод. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд: ҷои 1-ум - 54600 сомонӣ, ҷои 2-юм - 46800 сомонӣ, ҷои 3-юм - 39000 сомонӣ, ҷои 4-ум - 31200 сомонӣ, ҷои 5-ум - 28080 сомонӣ, ҷои 6-ум - 23400 сомонӣ.

Бояд гуфт, ки Ниммарафони байналмилалӣ аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Вале соли 2020 Ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар дувоздаҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷои севум миёни занон ва ҷои чаҳорум миёни мардон мебошад. Зулҳиҷа Ғаффорзода соли гузашта миёни занон мақоми севумро соҳиб шуд. Пеш аз Ғайрат Олимов, ки соли 2021 ҷои чаҳорумро гирифт, Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ҷои чаҳорумро соҳиб шуда буд.

Ғолибони Ниммарафони байналмилалии Душанбе (солҳои 2010-2019, 2022):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022 - Тоо Лазарус (Кения)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)