Ба Озодӣ онлайн хуш омадед. Русия аз муҳоҷирони тоҷик чӣ фоида мебинад? Посухҳои корбарон ва изҳороти ҷанҷолбарангези як сиёсатмадори русро дар ин бора, дар барномаи имрӯз ба баррасӣ гирифтем.
Сергей Миронов сиёсатмадори рус тоҷиконро барои Русия муҳоҷирони бефоида хонда, пешниҳод кардааст, ки додани шаҳрванди ба онҳо муваққатан манъ шавад. Изҳороти Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи одил – барои ҳақиқат”, дар ин бора рӯзи 7-уми апрел дар вебсайти ҳизб нашр шуд.
Вай гуфтааст: "14 % ё 103 ҳазор "русиягиҳои нав" аз Тоҷикистон омадаанд. Ман ба мардуми ин кишвар эҳтироми зиёд дорад, вале бояд рӯирост гуфт: аксари онҳое, ки аз Тоҷикистон меоянд, забони мо, фарҳангу расму русуми моро ба қадри кофӣ намедонанд ва ё умуман намедонанд, онҳо ихтисоси баланд, ё ҳатто миёна ҳам надоранд. Онҳо манфиатдоранд, ки шаҳрвандии моро бипазиранд. Вале ба Русия чӣ фоида?."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пешниҳоди Миронов дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ баҳсбарангез шуд ва бархе аз корбарон аз мақомоти тоҷик хостаанд ин изҳороти сиёсатмадори русро бепосух нагузоранд. Аммо нахуст ба шарҳи корбаре бо номи Мохлико Шарифова таваҷҷӯҳ мекунем, ки ба суоли Миронов дар бораи фоидаи муҳоҷирон посух гуфтааст: “Нисфи мутахасисони касбӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, бонкдори маорифу фарҳангу низомӣ ва савдову тиҷорат маҳз тоҷикони толибилму сохибкасбе ҳастанд ки шаҳрвандии Русияро пазируфта, дар пешрафти он саҳм доранд”
Корбарони зиёди дигар ҳам бо Моҳлиқо ҳамфикранд ва мегӯянд, Русия аз ҳисоби беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик фоидаи зиёд мегирад. Корбари дигар, ки худро “Слава таджикскому народу” муаррифӣ кардааст аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ёд оварда гуфтааст: “300 ҳазор ҷавони тоҷик ба фронт рафтанд, онҳо русиро намедонистанд, вале барои ҳимояи заминҳои Русия то охир ҷангиданд. Ҳоло набераҳои онҳо ҳаққи зистан дар Русияро надоранд? Маҳз бо талоши бобоҳои онҳо ту дар курсии Дума нишастаӣ.”
Корбарони зиёде, Сергей Мироновро барои тоҷикбадбинӣ Жириновсикийи дуюм хонда, гуфтаанд, вай мехохад, аз ин роҳ нуфузи ҳизбашро боло барад. Шералӣ Ризоиён, коршиноси тоҷик, ҳам ба ин фикр аст, ки Миронов “масъулияти” Жириновскийро иҷро кард.
Шералӣ Ризоиён дар видео сӯҳбат кард. “Дар шароити имрӯза равона кардани назари мардум ба самти муҳоҷирон ва душмансозии онҳо ғайриимкон аст, зеро эхтиёҷи демографии ин кишвар зиёд аст. Ва шояд ин изҳороти Миронов ҳушдор ба Тоҷикистон бошад, зеро дар тули ин ҳафтаи ахир мушоҳида кардем, ки мақомдорони русия барои ҷонибдорӣ аз мавқеи Русия оид ба бӯҳрони Украина ҳам ба Қирғизистон ва ҳам Қазоқистону Узбекистон ҳушдорҳои гуногун доданд.”
Гуруҳе аз корбарон хомӯшии мақомоти тоҷикро дар баробари ин пешниҳоди сиёсатмадори рус интиқод кардаанд. Санг Сабур ном корбар аз дипломатҳои тоҷик хостааст ин гуфтаҳои Мироновро ҷиддӣ бигиранд.
Шарҳи ӯро мехонем: “Мебахшед Шумо ба қавле намояндаи мардуми тоҷик дар Русия ҳастед. Як бор баромад кунед. Бигуед, ки ҳарчанд ба чашми Шумо муҳоҷирони мо "бад" намоянд ҳам, аз ин беш як миллион муҳоҷир дар вазифаҳои калидиву давлативу хусусӣ аз муаллиму табиб сар карда, то дар дума намоянда мутахассиси хуб дорем.”
Бархе аз корбарони ба мушкилоти фаровони тоҷик дар Русия ишора карда, гуфтаанд, ҳоло бо доштани шиносномаи Русия ҳам кору зиндагии муҳоҷир осон ва муносибат ба онҳо беҳтар намешавад. Раҳпаймо ном корбар бо ишора ба ҷанги Украина афзоиши раванди гирифтани шаҳрвандии Русияро барои Тоҷикон хатарнок хондааст.
Идомаи шарҳашро мехонем: “Бояд ҳукумат пеши роҳи инро гирад. Агар ихтилофе байни Тоҷикистону Русия рух диҳад, русҳо бо баҳонаи ҳифзу дифоъ аз шаҳрвандони худ метавонад Тоҷикистонро ғасб кунад. Мисоли равшан ғасб ва қатли оми Украина.”
Дар баробари интиқод аз андешаву пешниҳоди Миронов бархе аз корбарон ба гуфтаҳои ӯ дар бораи забондон набудани муҳоҷирон ва ришваситонӣ дар раванди гирифтани шиносномаи русӣ ҳамфикрӣ намудаанд. Каримҷон Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик ҳам дар сабт видеоӣ назарашро изҳор дошт. “Агар аз рӯйи қонун ва инсоф ҳам гӯем, қисми зиёди шаҳрвандони мо, ки шиносномаи русӣ мегиранд, дар ҳақиқат забону анъанаҳои русиро намедонанд. Қисми зиёд бо воситаи пул ин шаҳрвандиро гирифтанд. Чунин қонунҳои зидди муҳоҷирон ҳам буд, вале пеш тоҷикон чандон вокуниш намекарданд, вале ба ин хеле вокуниш карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон мехоҳанд, шиносномаи русӣ бигиранд.”
Ба андешаи шумо пешниҳодҳо ба кору зиндагии муҳоҷирон чӣ таъсир хоҳад дошт? Зери ҳамин барнома нависед ва агар назари худро дар видео сабт кунеду ба ин телефон +420 607 900 808 бифристед боз беҳтар. Вотсаппу Телеграму Вайбер дорад.