Сарбоз Зоир Саидумаров дар муноқишаи марзӣ кушта шудааст. ВИДЕО

Деҳае дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомот тасдиқ карданд, ки дар муноқишаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шудааст. Зоир Саидумарови 27-сола сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон буд.

Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шуд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ афзуд, дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.

"Рафта, изҳори ҳамдардӣ кардем. Падараш аз дунё гузашта будааст. Ду бародараш дар Русия ҳастанд. Маросими видоъ ҳангоми намози пешин шуд, баъди он боз мадад мекунем," -- афзуд раиси ноҳияи Дӯстӣ.

Ба қавли ӯ, Зоир Саидумаров дар даъвати баҳории соли 2020 ба хидмат рафта буд ва ин шабу рӯз муҳлати хидматаш ба поён мерасид.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумаров, аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст. Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби чаҳор тир хӯрдан табибон натавонистанд, Саидумаровро аз марг наҷот диҳанд.

Чанде аз корбарони сомонаи Радиои Озодӣ мепурсанд, ки "магар марзбонони тоҷик ҷавшан ё бронжилет надоранд ва чӣ гуна Зоир Саидумаров аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст?" Мақомот ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарбози тоҷик дар муноқишаи марзӣ кушта шудааст

Муноқиша ва тирпарронӣ шоми 12-уми апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд рӯй дод.

Матлуба Ҷӯрабоева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз гуфт, муноқиша бо айби марзбонони қирғиз сар зад. Ҷониби Қирғизистон масъулиятро ба дӯши нерӯҳои Тоҷикистон гузошт. Дар ин ҳодиса як сарбози қирғиз ҳам маҷруҳ шуда, сокинони чанд деҳа ба ҷои амн кӯчидаанд.

Мақомоти ду тараф рӯзи 13-уми апрел дар минтақаи Борбодук вохӯрда, розӣ шудаанд, ки "нерӯҳои худро аз хатти марз ба маҳалли доимияшон бармегардонанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахирро пурра меомӯзанд.​" Созишҳое, ки дар муноқишаҳои қаблӣ низ ҳосил шуда буд, аммо ба гуфтаи нозирон пурра иҷро нагардид.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр сарҳад доранд ва то ҳол беш аз нисфи он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Даҳҳо километр хатти марз мавриди баҳс қарор дорад ва ҳар чанд вақт боиси сар задани низоъ ва задухӯрдҳо мешавад.