Дар Исфара роҳҳои пешгирӣ аз ҷанҷол дар марзро баррасӣ карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз бими такрори нооромиҳо дар марз имрӯз намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар деҳоти марзиро баррасӣ карданд. Дар мулоқот дар ноҳияи Исфара раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аз Ботканди Қирғизистон Абдукарим Алимбоев ҳузур доштаанд.