Дар водии Фарғонаи Узбекистон фурудгоҳи байналхалқӣ месозанд

Барои се вилояти водии Фарғонаи Узбекистон фурудгоҳи байналхалқӣ хоҳанд сохт.

Дар маркази матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 11-уми апрел хабар доданд, ки президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев бо тарҳи сохтмони фурудгоҳ шинос шудааст.

Ин тасмим дар ҳоли баррасӣ буда, ба зуди қарори сохтмони фурудгоҳ қабул хоҳад шуд.