"Мумкин, ҷасадҳо дар зери хонаҳо монда бошанд" ВИДЕО

Чернигов

Пас аз муҳосираи якмоҳаи Русия, нерӯҳои Украина шаҳри шимолии Черниговро озод карданд. Аммо баъди ҳамлаи мушакие, ки рӯзи ҷумъа, 8-уми апрел, даҳҳо нафарро кушт, сокинон бим доранд, ки дигарбора мавриди ҳамла қарор мегиранд. Нисфе аз мардуми шаҳр гурехта, садҳо нафар фавтидаанд, аз ҷумла ҷавононе, ки бо сарбозони рус меҷангиданд.

"Шиками писарам аз тири гранатомёт пора шуд, тир ҳам хӯрда буд, вале ба ҷанг идома медод," -- нақл кард Наталия Дуденок, сокини Чернигов.

Сеяки кормандони шифохонаи Чернигов ё гурехтаанд ё бенишон ҳастанд. Мутасаддиёнаш мегӯянд, барои шумурдани ҷасадҳо вақти зиёде лозим мешавад.

Ба қавли Андрей Жиденко, аз шифохонаи вилоятии Чернигов, "биноҳои истиқоматии зиёде вайрон шуданд ва харобаҳоро пок накардаанд. Ҳамчунин дар деҳоти атроф хонаҳои зиёде хароб гашт ва фикр мекунам, аз зери онҳо низ ҷасадҳои зиёде пайдо шавад. Мардум дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекарданд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Мумкин зери хонаҳо ҷасадҳо монда бошанд"

Ҳафтаи гузашта нерӯҳои Украина чанд шаҳрак ва деҳоти вилояти Киевро озод карданд ва Русия гуфт, барои ишғоли манотиқи шарқии Украина тамаркуз мекунад.

Сарбозони русро ба қатли ғайринизомиён, таҷовузу ғоратгарӣ муттаҳам мекунанд. Украина мегӯяд, русҳо ба ҷиноятҳои ҷангӣ даст задаанд. Русия мегӯяд, ки ғайринизомиёнро ҳадаф нагирифтааст ва иддаоҳои ҷиноятҳои ҷангиро рад мекунад.

Маъмурони имдодӣ дар Чернигов мегӯянд, бисёре аз бозмондагони ҷанг ҳама молу манолашонро аз даст додаанд. Евген Корж, маъмури имдодӣ, гуфт: "Парерӯз як зан омада гуфт, ки хоҷагии калоне доштааст, сад мурғ, чаҳор хуку се гов. Сарбозони рус омада, ҳамаашонро куштаанд ва ҳеч чизе намондааст. Ӯ мегирист."

Табибон мегӯянд, илова бар фақру маргу маҷруҳӣ, муҳосира сабаби осеби доимии равонии мардум шудааст. Андрей Линик, намояндаи идораи тандурустии Чернигов, мегӯяд, “ба ақидаи ман, мардуми инҷо ҳаргиз дигар эҳсоси амният нахоҳанд кард, зеро мунтазири такрори ҳодисае хоҳанд буд. Ин ҷанг қатъан моро дигар кард.”

Рӯзи ҷумъа дар шаҳри шарқии Краматорск, мушаке ба истгоҳи роҳи оҳан бархӯрд ва даҳҳо нафарро кушт. Мардуми Чернигов мегӯянд, шиддат гирифтани вазъ тарснок аст ва мумкин аст ба онҳо дигарбора ҳамла кунанд.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи ҷанги Русия дар Украина инҷо бихонед