Онҳо мегӯянд, ҳоло ки кудаконашонро ба мактаб мефиристанд ва писаронашон дар сафи артиш хизмати ҳарбӣ мекунанд, бояд таваҷҷуҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам ба онҳо бештар шавад. Хонаводаи Сафар Ҳайдаров аз камтарин лӯлитаборон дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Варзоб аст, ки зиндагии худро на бо талбандагӣ, балки дар гузашта аз ҳисоби кор дар корхонаи давлатӣ ва ҳоло аз роҳи муҳоҷират пеш мебарад. Маъмулан лӯлитаборон дар Тоҷикистон бо талбандагӣ рӯз мегузаронанд, ки ба гуфтаи худашон “касби бобоӣ” аст. Аммо ин мард мегӯяд, шеваи зиндагиаш аз мардуми маҳаллӣ тафовути зиёд надорад. Ба гуфтааш, замоне ки ҳамтаборонаш зиндагии худро аз роҳи талбандагӣ пеш мебурданд, ӯ ба хизмати ҳарбӣ рафт ва баъди бозгашт корро дар ширкати давлатии “Тоҷикнефт” шуруъ кард. Баъдан дар мактаби ронандагӣ хонда, солҳо дар ин идораи давлатӣ ронанда буд. Ҳудуди 27 сол дар ин ниҳод кор кардааст ва мегӯяд, бо ҳамкоронаш мисли бародар буданд.
“Ҳоло, ки беморам, дигар кор карда наметавонам. Ман солҳо дар “Тоҷикнефт” кор кардам, обрӯ доштам, ҳама маро иззату ҳурмат мекарданд”, - нақл кард ӯ. Сафар Ҳайдаров рӯзи 8-уми апрел дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писаронаш ҳеҷ гоҳ дар даст халта ва талбандагӣ накардаанд, балки баъди хатми синфи нуҳ мисли ҳазорон хонаводаҳои тоҷик барои кору дарёфти пул ба муҳоҷират рафтаву зиндагияшонро аз ин ҳисоб пеш мебаранд.
Духтараш низ бо марди маҳаллие издивоҷ карда, ҳоло дар яке аз бемористонҳои пойтахт ба ҳайси фаррош кор мекунад. Сафар Ҳайдаров ба фарқ аз дигар лӯлитаборон ҳодисаҳои ҷаҳонро низ пайгирӣ мекунад.
Ӯро таъсири таҳримҳои Русия баъди ҳамлааш ба Украина ташвиш медиҳад, чун ба зиндагии хонаводаи онҳо ҳам таъсир гузоштааст. “Пештар пули зиёдтар равон мекарданд, ҳоло чанд вақт аст, ки нафиристодаанд. Бачаҳо гуфтанд, ки ҳамин хел чангу нооромӣ шудаст дар Украина. Ин на танҳо ба мо балки ба ҳама таъсир дорад”, - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Солҳои ахир шеваи зиндагии бештаре аз лӯлитаборон тағийр кардааст. Барои мисол, аксари волидон талош доранд фарзандонашон соҳиби хатту савод бошанд, писаронашон дар қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунанд, дар интихоби арӯсу домод ҳам қолабшиканӣ карданд. Мегӯянд, аз ҳисоби фарзандони мардуми маҳаллӣ барои бачаҳояшон арӯсу домод интихоб мекунанд. Ва муҳимтар аз ҳама, ҳоло аз ҳар як оилаи ин қавм то чаҳор нафар барои кору дарёфти маблағ дар Русия муҳоҷир ҳастанд.
Сабоҳат Сангова, сокини маҳаллаи Арғувони ноҳияи Варзоб ҳам, ки мисли занони дигари қавми ҷӯгӣ қисми зиёди умри худро бо ҷамъоварии нон аз пушти дари мардум ва таъмини шавҳару фарзандон сипарӣ кардааст, чанд соли пеш бо хоҳиши писаронаш халтаи гадоияшро “дафн” кард.
Ҳоло зиндагии хонаводаи бузурги ӯ аз ҳисоби писарони муҳоҷираш пеш меравад. Ӯ мегӯяд, ҳамагуна буҳрони молӣ дар Русия ба зиндагии онҳо низ таъсир мегузорад. Ба гуфтаи ин зан, таварруми рубли русӣ ва сомонӣ ва дар пайи он боло рафтани қимати ғизо ва молу колои мавриди ниёзи мардум онҳоро ҳам нигарон кардааст.
Сангова мегӯяд: “11 фарзанд дорам, барои ин ҳамагӣ 120 сомонӣ нафақа мегирам, ки кам аст. Як рӯз ҳаст, як рӯз нест. Аз ҳамон Русия чор танга равон кунанд, зиндагӣ мекунем. Равған 120 сомонӣ, орд то 350 сомонӣ... зӯрамон намерасад”.
Агарчи бо афзоиши муҳоҷирати мардони лӯлӣ вазъи занон камобеш сабук шудааст, ҳанӯз ҳам занони зиёд дар ин қабила дар таъмини рӯзгор нақши калидӣ доранд. Ба фарқ аз солҳои пеш, дар баробари писарони лӯлӣ, ҳамакнун духтарон ҳам ба таҳсил ҷалб мешаванд. Занону духтароне, ки ба қавли худашон “ба дашт”, яъне ба талбандагӣ мераванд, мегӯянд, ҳоло ин кор сахттар аст, аз ин хотир талош доранд насли нав соҳиби хатту савод шаванд.
“Ҳама набераҳои ман - духтарон мактаб мераванд. Ҳоло дигар талбандагӣ бисер кори сахт шудааст, сари ҳар қадам милисаҳо моро меқапанд. Шаш писарам хизмати аскарӣ кардаанд”, - гуфт Сабоҳат Сангова ва илова кард, ки мехоҳанд дар баробари талошҳои лӯлитаборон таваҷҷуҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба онҳо низ бештар шавад.
Насли навраси ҷомеаи ҷӯгитаборон ҳам мехоҳад дар мактаб таҳсил карда ва оянда соҳиби ҷои кор шаванд. Аминҷон Бурҳонов ҳоло дар синфи чорум мехонад. Ӯ орзу дорад милиса шавад. Вай аз таҳсил дар мактаб хушҳол аст, аммо иқрор мекунад, ки гоҳо дигар бачаҳо ба ҳолашон механданд ва онҳоро масхара мекунанд.
“Ман мехоҳам барои мо ҳам майдончаҳои варзишӣ сохта шавад. Чунки мо вақте барои бозӣ ба майдончаҳо меравем, онҳо моро пеш мекунанд”, - гуфт ӯ.
Бо ҳама тафовут дар баъзе паҳлуҳои зиндагӣ ва оиладорӣ, қашшоқӣ, серфарзандӣ ва талбандагӣ, орзуҳои занону духтарони ин қабила аз занони дигар дар Тоҷикистон фарқи зиёд надорад. Онҳо ҳам мехоҳанд зиндагии хубу таъмин ва кори муносибе дошта бошанд. Ҳоло бо ин ҳадаф бархе занон, ҳамроҳ бо шавҳарони худ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Дилором Холова яке аз занони лӯлитабор, аст ки ҳамроҳи хонаводааш борҳо барои кор ба Русия рафтааст. Ва тавре худи онҳо мегӯянд, ҳамагуна буҳрони молӣ дар Русия ба зиндагии онҳо низ таъсир мегузорад.
8-уми апрел Рӯзи байналмилалии лӯлиён аст, ки ба хотири эҳтиром ба ҳуқуқи ин аққалияти қавмӣ ва огаҳӣ аз мушкилоти онҳо эҷод шудааст.
Дар Тоҷикистон, ки мувофиқи конститутсия ҳуқуқи ҳама қавму миллатҳо баробар аст, масъалаи стигма ваё дар ҳошия гузоштани қавми лӯлӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Баъзеҳо пешниҳод мекунанд, ки лӯлиён ба ҳошия ронда шуда, мансубияти қавмии онҳо ҳамеша таъкид гардад. Ин суханон ҳатто дар расонаҳои Тоҷикистон нашр мешаванд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳое, ки худро зиёӣ, рушанфикр ва пешсафони ҷомеа меноманд, аз чунин шиорҳои фашистӣ ҳимоят мекунанд. Дар ҳоле ки бино бар қонунҳои Тоҷикистон ин ангехтани нафрати қавмист ва ҷазои сахтро пешбинӣ мекунад. Аммо муаллифони чунин даъвоҳои иғвогарона на танҳо ҷазо намегиранд, балки пуштибонӣ мешаванд.
Аксар намояндаи қавми лӯлии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Варзобу Панҷакенту Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба сар мебаранд. Ба қавли таърихнигорон, лӯлиён панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забон ва расму русуми мардуми ҳамонҷоро пазируфтаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Баъзе "қолабшиканӣ"-и лӯлиён дар як деҳаи ноҳияи Восеъ. ВИДЕОҶузвдон ба ҷои халтаи гадоӣ. Лӯлиён дар Тоҷикистон ба мактаб мераванд. ВИДЕО"Касе бошад, ки садои моро ба "боло" бирасонад"“Пудина” – Як рӯзи зиндагии духтари ҷӯгӣ дар Тоҷикистон