Майдаавбошӣ ё ниқор. Сокини Балҷувон, пас аз 15 рӯзи боздошт, озод шуд

Саидмуъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон

Сокини ноҳияи Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёти Тоҷикистон, бар сари як порча замин баҳс дошт ва бо иттиҳоми "майдаавбошӣ" боздошт шуда буд, пас аз 15 рӯз аз боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилӣ раҳо гаштааст.

Саидмӯъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон, ду ҳафта пеш бо ҷурми “майдаавбошӣ” ва Сайфуддин, писари ӯ як ҳафта пеш бо иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шуда буданд. Писари ӯ ҳанӯз дар боздошт аст.

Ӯро барои гуё таҳқири корманди Кумитаи замини ноҳия ба ҷавобгарӣ кашида буданд, вале ҳамзамон бо гумони фурӯши замин бозпурсӣ мешуд.

Ӯ гуфт, шикоятҳо нисбаташро тафтиш карданд ва тасдиқ нашуданд. “Ман таҳти фишор қарор надоштам ва бо вакили мудофеъ аз худам ҳимоят кардам. Аҳволам хуб аст”,--гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, ҳоло чанд санадро бояд ба додситонии ноҳия барад ва бегуноҳии писараш, Сайфуддинро собит созад.

Мақомот озодии ин сокини Балҷувонро тасдиқ накардаанд ва дар гузашта низ иттиҳом нисбаташро шарҳ надода буданд.

Саидмӯъмин Давронов, сокини деҳаи Шифочашмаи Балҷувон, муддати тулонӣ бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси ноҳия ва бародари Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, барои ду гектар замин даъвои додгоҳӣ дошт. Баҳси додгоҳии онҳо ба матбуот ҳам кашида шуд ва аз ҷумла дар Радиои Озодӣ инъикос ёфт.

Саидмӯъмин Давронов мегуфт, Ҳасан Иброҳимзода мехоҳад, ду гектар замин ва боғи ӯро аз худ кунад, вале дар ниҳоят, моҷарои додгоҳӣ ба нафъи Давронов анҷом ёфт. Баъди ин моҷаро ва шикояти чанд нафари дигар Ҳасан Иброҳимзода, ки масъули умури сохтмон ва замин дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон буд, моҳи декабри соли 2021 аз мақомаш барканор шуд.

Аз ин рӯ, пайвандонаш гуфтанд, ки мақомот аз ӯ барои даъво нисбат ба муовини собиқи раиси ноҳия ниқор гирифтаанд ва парвандаи ӯро “ташкилшуда” донистанд.

Балҷувон, як ноҳияи кӯҳистонист, ки бештари сокинонаш ба кишоварзӣ ва боғдорӣ машғуланд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Писари марде, ки дар Балҷувон бо бародари вазир даъво дошт, боздошт шудАз "ғасби" замин мегуфт, худашро гумонбар кардандСокини Балҷувон, ки бо бародари вазир даъвои додгоҳӣ дошт, дастгир шудаастБародари вазири нақлиётро аз мансаб ронданд.ВИДЕО