Игор Кизима: Баъд аз ҳамла ба Украина, бовар кардам, ки Русия ба ҳар кор қодир аст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намояндаи Украина дар Тоҷикистон мегӯяд, се хонаводаи украинӣ аз тарси ҷанг ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.Игор Кизима, намояндаи комилҳуқуқ ва муваққатии Украина дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимол теъдоди украиниҳое, ки ба ин кишвар омдаанд, бештар бошанд. Ӯ гуфт, ҳоло бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, то теъдоди дақиқи паноҳандагони украиниро маълум кунанд ва ба онҳо кумак расонанд. Ин дипломат дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина ва украиниҳое, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард.