Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2022 оғоз ёфт

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон.

Дар нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 2-3-юми апрел баргузор шуд, чаҳор бозӣ доир гардид, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар 31-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон даҳ бошгоҳи лигаи олӣ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳарду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), “Хатлон” (Бохтар) , «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) - иштирок мекунанд.

Дар чаҳор бозии даври аввал чордаҳ гол зада шуд. Ҳисоби бузург дар бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд” ва “Истаравшан” мушоҳида шуд. Истаравшаниҳо ба дарвозаи восеъгиҳо панҷ голи беҷавоб заданд. Голи аввалини мавсими навро легионери африқоии “Истаравшан” аз Камерун Мбеке Сиябатчу Деудонӣ дар дақиқаи 35-ум аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ зад.

Бозӣ миёни ду дастаи нави лигаи олӣ – “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар бозии ду дастаи вилояти Суғд - “Эсхата” ва “Хуҷанд” – футболбозони «Эсхата» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Дар бозии ду дастаи вилояти Хатлон бошад, футболбозони “Хатлон” ба “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 8-10-уми апрел баргузор мешаванд. 8-уми апрел «Эсхата» бо «Файзканд», 9-уми апрел «Истаравшан» бо «Хатлон», 10-уми апрел «Хуҷанд» бо «Равшан» (Зафаробод) ва КМВА бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқа дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ бошгоҳ дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд.

Панҷ бошгоҳи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давра бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 0:5

Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 35 – аз пеналти (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиябатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).

2-юми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод) – 2:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Беҳрӯз Дӯстмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).

2-юми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1000 тамошобин.

«Эсхата» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.

3-юми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4100 тамошобин.

«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб) – 3:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Боқӣ-Охунов, 21 (2:0). Хайриддин Турахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).

3-юми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

1

0

0

5-0

3

2

«Хатлон» (Бохтар)

1

1

0

0

3-1

3

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

1

1

0

0

1-0

3

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

2-2

1

5

«Равшан» (Зафаробод)

1

0

1

0

2-2

1

6

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

7

КМВА (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

0-1

0

9

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

1-3

0

10

«Файзканд» (Восеъ)

1

0

0

1

0-5

0

Рӯйхати голзанҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, Отабек Зокиров (ҳарду аз «Истаравшан») – 2-тӯбӣ.

Даври 2-юм

8-уми апрел (ҷумъа)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Эсхата» – «Файзканд»

9-уми апрел (шанбе)

«Истаравшан» – «Хатлон»

10-уми апрел (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Равшан» (Зафаробод)

КМВА – «Регар-ТадАЗ»