"Чойхонаро барқарор созед." Даъвои сокинон бо соҳибкор дар ноҳияи Ғафуров

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Шайх Бурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тахриб шудани чойхонаи назди маҳаллаашон шикоят доранд. Онҳо талаб доранд, ки чойхонаро дубора барқарор созанд. Ба гуфтаи онҳо, ин чойхонаи мардумиро соҳибкоре ба нияти сохтмони фурушгоҳ харидорӣ карда ва тобистони соли гузашта бе ризоияти бошандагони деҳа вайрон намудааст. Соҳибкори маҳаллӣ мегӯяд, онҷоро барои обод кардан аз мақомоти маҳаллӣ харидорӣ кардааст