Як мансабдори Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки нерӯҳои Русия рӯзи 3-юми апрел шаҳри Одессаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.
Антон Герашенко дар Телеграм навишт, "дар баъзе минтақаҳо сӯхтор сар зад. Баъзе аз мушакҳоро тавассути системаи дифои зиддиҳавоӣ зада гардонданд." Маҷлиси шаҳри Одесса низ ҳамлаҳоро тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Мединский, раҳбари ҳайати музокиракунандаи Русия бо Украина, дар Телеграм навишт, пешрафти кофӣ барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар ҳосил нашудааст.
Вай ҳамзамон таъкид кард, ки "мавқеи Русия нисбат ба Қриму Донбасс бетағйир мемонад". Маскав соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард ва пеш аз ҳамлаи моҳи феврали имсол вилоятҳои Луҳанску Донетскро дар шарқи Украина ба ҳайси давлатҳои мустақил шинохт.
Як хабарнигори "Франс-Пресс" дар Одесса гузориш дод, ки тақрибан соати шаши субҳи якшанбе садои таркишҳо шунида шудааст. Ӯ мегӯяд, ба чашмони худ дид, ки дастикам аз се ҷой дуди сиёҳ ба ҳаво мепечид.
Одесса бо тақрибан 1 миллион аҳолӣ шаҳри бузургтарин дар соҳили Баҳри Сиёҳ аст ва то ҳол зери назорати Украина қарор дорад.
Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми апрел гуфт, ба корхонаи коркард ва анбори нафт дар наздикии шаҳр зарба зад. Вазорат гуфт, нерӯҳои онҳо 28 иншооти низомии Украинаро дар саросари ин кишвар нишон гирифтаанд.
Владимир Зеленский рӯзи 2-юми апрел ҳушдор дод, ки Русия дар ҷануби ин кишвар ба "зарбаҳои сахт" омода мешавад, дар ҳоле ки нерӯҳояшро аз манотиқи атрофи Киев ва Черниҳов дар шимол берун мекашад.
Дар шаҳри бандарии Мариупол ҳудуди 100 ҳазор ғайринизомӣ дар муҳосираи нерӯҳои Русия мондаанд. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Русия қасд дорад, ин шаҳрро забт кунад, то аз Донбасс ба Қрим роҳи заминӣ эҷод кунад.
Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина, рӯзи 3-юми апрел гуфт, ҳафт мусофирбар бо намояндагони Салиби Сурх талош хоҳанд кард, ба Мариупол ворид шаванд. Ба гуфтаи вай, дар умум, 17 автобус кӯшиш доранд, мардуми осоиштаро аз Мариупол ва шаҳри бандарии Бердянск берун биоранд.
Як рӯз пеш Салиби Сурхи Байнулмиллалӣ аз кӯшиши фиристодани корвони мусофирбарҳо ба онҷо, ба далели ноором будани вазъ дар минтақа, даст кашида буд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, муқовимати Мариупол ба Киев барои бозпас гирифтани қаламраваш дар шимол "фурсати бебаҳо" додааст. Зеленский айни замон нерӯҳои Русияро дар эҷоди "фалокат" дар берун аз Киев ва гузоштани минаҳо ва домҳои "тарканда" дар саросари кишвар муттаҳам кард.
Раиси шаҳри Буча дар канори Киев рӯзи 2-юми апрел гуфт, дар тӯли як моҳе, ки нерӯҳои Русия шаҳрро дар ихтиёр доштанд, ҳудуди 300 сокини маҳаллиро куштанд. Мири шаҳр Анатолий Федорук ба "Франс-Пресс" гуфтааст, ҳамаи қурбониёнро "аз пушти сар паррондаанд."
Маскав, ки рӯзи 24-уми феврали имсол ба хоки Украина таҷовуз кард, ҳанӯз ба ин иддао вокуниш нишон надодааст.