Духтари тоҷик дар 13-солагӣ роҳ рафтанро меомӯзад. Чаро?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як духтари 13-солаи тоҷик, ки то ин дам бо дасту зонуҳояш дар рӯйи замин ҳаракат мекард, акнун қадамҳои аввалини худро мегузорад. Волидонаш гуфтанд, се бародараш низ мустақилона роҳ рафта наметавонанд. Пизишкон қазияро ба никоҳи хешутаборӣ рабт медиҳанд, волидон хости Худо медонанд.