Дар "Ҷоми Наврӯз" Узбекистон ғолиб, Уганда дуюм ва Тоҷикистон сеюм шуданд

Дастаи мунтахаби миллии футболи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ тими миллии Угандаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, барандаи "Ҷоми Наврӯз-2022" гардид. Бозии ниҳоӣ шоми сешанбеи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангон баргузор шуд.

Дар бозии ниҳоӣ дар ҳайати дастаи ғолиб Элдор Шомуродов се гол зада, хет-трик кард. Голи аввалинро дар ин дидор ҳамдастаи ӯ Ҷалолиддин Машарипов ба самар расонид. Ду голи мунтахаби Угандаро Фаруку Мия ва Милтон Кариса заданд. Сардовари ин бозии ҳалкунанда Сайёдҷон Зайниддинов аз Тоҷикистон буд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Ҷоми Наврӯз-2022" дар рақобат барои ҷойи сеюм, ки 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангон баргузор шуд, тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тӯбро аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 54-ум ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи аввали бозӣ ба Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон) ва Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон) ва дар нимаи дуюм ба Одилҷон Абдураҳмонов (Қирғизистон) ва Ваҳдат Ҳанонов корти сурх нишон дода шуд ва онҳо майдонро тарк карданд. Инчунин бархе аз бозигарони ҳарду даста корти зард гирифтанд.

Умуман, ин бозии 15-ум миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи ҳарду даста ба шумор мерафт. Дар 9 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 бозӣ бозигарони қирғиз пирӯз шудаанд, се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Таносуби тӯбҳо 21-12 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон аст.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбекистон, ки мусобиқаи байналмилалӣ ғолиб шуд, бо «Ҷоми Наврӯз-2022» ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби Уганда барои ҷои дуюм бо медалҳои нуқра ва мунтахаби Тоҷикистон барои ҷои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Уганда ва Узбекистон – иштирок карданд. Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз ёфт.

Бозӣ муқобили Уганда аввалин бозие буд, ки мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, анҷом дод ва аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 1:1) мағлуб шуд.

Сармураббӣ Сегрт гуфт, “мусобиқа дар Намангон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шумор мерафт, ки моҳи июни имсол дар Бишкек доир мегардад.”

«Ҷоми Наврӯз-2022»

Бозӣ барои ҷои сеюм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Парвизҷон Умарбоев, 54 – аз пеналти.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев (Фирдавс Чақалов, 46), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Ислом Зоиров, 63), Алишер Ҷалилов (Меҳрубон Каримов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов (Искандар Ҷалилов, 87).

Аз майдон хориҷ шуданд: Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон), 23, Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон), 23, Одилҷон Абдураҳмонов (Қирғизистон), 52, Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон), 85 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Акобирхоҷа Шукуруллоев (Узбекистон).

29-уми март. Намангон. Варзишгоҳи марказӣ. 1517 тамошобин.

Финал

Узбекистон – Уганда – 4:2

Голҳо: Ҷалолиддин Машарипов, 35 (1:0). Элдор Шомуродов, 40 (2:0). Фаруку Мия, 53 (2:1). Элдор Шомуродов, 55 (3:1). Элдор Шомуродов, 73 (4:1). Милтон Кариса, 77 (4:2).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

29-уми март. Намангон. Варзишгоҳи марказӣ. 19 127 тамошобин.