Поёни мулоқоти рӯ ба рӯ. Вазъият дар як шаҳри Украинаро ба "қиёмат" баробар карданд

Мариупол

Раисҷумҳури Украина ҳамлаҳои Маскавро ба шаҳри муҳосирашудаи Мариупол "ҷиноят алайҳи башарият" номид. Изҳороти Владимир Зеленский пас аз он садо дод, ки музокироти рӯ ба рӯи ҳайатҳои давлатии Украинаву Русия дар Истанбули Туркия поён ёфт.

Зеленский рӯзи 29-уми март дар паёме ба порлумони Дания гуфт, "чизе, ки нерӯҳои Русия ба Мариупол раво мебинанд, ҷиноят алайҳи одамият аст ва он дар пеши чашми мардуми сайёра рӯй медиҳад."

Мариупол аз моҳи феврали имсол зери тирборони нерӯҳои Русия аст. Вазъ дар ин шаҳри Украинаро, ки қабл аз ҷанг зиёда аз 400 ҳазор аҳолӣ дошт, ба "қиёмат" баробар донистаанд.

Владимир Зеленский

Вадим Бойченко, шаҳрдори Мариупол, гуфт, шаҳр дар остонаи фалокати башарӣ аст ва бояд пурра холӣ карда шавад. Ба қавли ӯ, тақрибан 160 ҳазор ғайринизомӣ дар шаҳр бе барқ монда, аз оғози ҳамлаи Русия ҳудуди 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Тасдиқи мустақилонаи омор ғайриимкон аст.

Вазорати дифои Украина рӯзи 29-уми март бо пахши изҳороте гуфт, нерӯҳои Русия бо тирборони шадиду пайваста ҳамлаи худро ба Мариупол идома доданд. "Бо вуҷуди ин, маркази шаҳр дар зери назорати Украина мемонад," – гуфта шудааст дар баёния.

Ирина Верешчук, муовини сарвазири Украина, гуфт, Русия ба кушодани се гузаргоҳи амн, аз ҷумла як долони башардӯстона дар Мариупол, розӣ шудааст, аммо маълум нест, ки чанд кас метавонанд аз онҷо берун шаванд.

Мулоқоте, ки чаҳор соат идома кард

Сафорати Украина дар Туркия рӯзи 29-уми март гуфт, музокироти рӯбарӯи ҳайатҳои Киеву Маскав дар Истанбул ҳудуди чаҳор соат идома кард. Ҳанӯз маълум нест, ки музокирот дар Туркия давом меёбад ё на.

Як мушовири президенти Украина гуфт, дар мулоқот таъмини оташбас ва кафолати амнияти Украина баррасӣ шудааст. Мавзуъҳое, ки асоси музокироти гузашта буд, вале ҷонибҳо ба натиҷае нарасиданд. Зеленский ҳам мегӯяд, Украина дар музокирот ба ҳифзи "соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ" бартарӣ медиҳад.

Музокироти рӯ ба рӯи ҳайатҳои Киеву Маскав. Истанбул, 29-уми марти 2022

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар суханроние пеш аз музокирот гуфт, пешрафти ҳайатҳо роҳро ба мулоқоти Зеленский ва президенти Русия Владимир Путин мекушояд. Эрдуғон хоҳони оташбаси фаврӣ шуд ва афзуд, "пешгирӣ аз ин фоҷеа дар ихтиёри ҳарду тараф аст."

Бо гузашти беш аз чаҳор ҳафта аз таҷовузи Русия ба хоки Украина, то кунун нерӯҳои Русия ба пешрафти назаррасе ноил нашуда ва ягон шаҳри бузурги Украинаро тасарруф накардаанд. Мақомоти истихбороти низомии Бритониё рӯзи 29-уми март гуфтанд, нерӯҳои Русия ҳамчунон ба Киев таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҳарчанд украиниҳо дар шимолу ғарби пойтахт ба ҳамлаҳои ҷавобӣ идома медиҳанд.

Даъвоҳои ду тараф

Ситоди кулли артиши Украина рӯзи 29-уми март навишт, нерӯҳои Русия ҳамлаҳои мушакиро ба маҳалҳои истиқоматӣ дар саросари ин кишвар идома додаанд.

Президент Зеленский дар ҳамин рӯз гуфт, бар асари бархӯрди мушак ба бинои маъмурӣ дар шаҳри бандарии Николаев, дар ҷануби Украина, дастикам 7 нафар кушта ва 22 кас захмӣ шуданд. Мақомоти Украина ҳамчунин гуфтанд, нерӯҳои Русия рӯзи 28-уми март ба шаҳри Люботин дар шимолу шарқи вилояти Харков ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки чанд хонаро вайрон ва чанд касро захмӣ кард.

Вазири дифои Русия рӯзи 29-уми март дар Маскав бори дигар иддао кард, ки вазифаҳои асосии марҳилаи аввали "амалиёти низомии Русия" дар Украина анҷом шудааст. Ин ҳузури дувуми Сергей Шойгу дар телевизион пас аз ду ҳафтаи "гум шуданаш" дар маҳзари ом буд, ки суолҳоро дар бораи макони будубош ва вазъи саломатии ӯ ба бор овард.

Дар ҳамин ҳол, Кремл гуфт, Маскав ва Вашингтон дар ниҳоят бояд дар масъалаи амният гуфтугӯ кунанд, аммо ба қавли мақомоти Маскав, "таҳқирҳои шахсӣ”-и Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба ҳамтои русаш Владимир Путин, ба равобити онҳо таъсир хоҳад гузошт.