Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи "Ҷоми Наврӯз-2022", ки рӯзи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуд, дар рақобат барои ҷойи сеюм тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Аз ибтидо то анҷоми нимаи аввали бозӣ футболбозони қирғиз бартарӣ доштанд. Ҳуҷумҳои пайиҳами онҳо ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон идома мекард, вале онҳо чандин бор вазъияти хуби голзаниро аз даст доданд.
Дар баъзе мавридҳо маҳорати баланди дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов ба бозигарони Қирғизистон имкон надод, ки муваффақ шаванд. Вале футболбозони тоҷик дар нимаи аввал хеле кам ҳуҷум мекарданд. Онҳо аслан дар нимаи майдони худ аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд.
Нимаи дуюми бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик шуруъ шуд. Дар яке аз лаҳзаҳо бозигарони қирғиз дар ҷаримагоҳи худ Алишер Ҷалиловро аз по афтонданд. Сардовари бозӣ Акобирхоҷа Шукуруллоев аз Узбекистон ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 54-ум ба ҳадаф расонд.
Бояд гуфт, ки бозӣ тезу тунд гузашт ва футболбозони ҳарду даста дар бисёр мавридҳо дағалона рафтор карда, қоидаҳои бозиро вайрон мекарданд. Аз ин рӯ, сардовар дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 22-юм, ба Гулҷигит Алиқулов (Қирғизистон) ва Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон) ва дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 53-юм, ба Одилҷон Абдураҳмонов (Қирғизистон) ва дар дақиқаи 84-ум ба Ваҳдат Ҳанонов корти сурх нишон дод, ки онҳо майдонро тарк карданд. Инчунин ба бархе аз бозигарони ҳарду даста корти зард нишон дода шуд.
Умуман, ин бозии 15-ум миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Дар 9 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 бозӣ бозигарони қирғиз пирӯз шудаанд, се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст. Таносуби тӯбҳо 21-12 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон аст.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо медалҳои биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» сарфароз гашт.
Шоми имрӯз, 29-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Намангон бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Уганда баргузор мешавад. Бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.
Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Уганда ва Узбекистон – иштирок карданд. Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз ёфт.
Бозӣ муқобили Уганда аввалин бозие буд, ки мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, анҷом дод ва аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 1:1) мағлуб шуд.
Сармураббӣ Сегрт гуфт, “мусобиқа дар Намангон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба шумор мерафт, ки моҳи июни имсол доир мегардад.”