Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ, ки дар Душанбе бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора ҷараён дорад, то рӯзи 30-юми март идома хоҳад кард.
Мусобиқа миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон) ва варзишгарони имконияташон маҳдуд сурат гирифтааст.
Дар рӯзи чаҳоруми мусобиқот – 28-уми март – пойга миёни ҷавонон баргузор шуд. Духтарон дар масофаи 61 км, бонувони то 23-сола дар масофаи 111 км ва писарон дар масофаи 130 км рақобат карданд.
Варзишгарони Узбекистон - София Каримова миёни духтарон ва Самандар Султонов байни писарон - ғолиб омаданд. Глеб Бруссенский аз Қазоқистон миёни ҷавонони то 23-сола пирӯз шуд.
Аз байни даҳ варзишгари тоҷик Наҷибулло Рустамов натиҷаи беҳтар ба даст овард. Ӯ масофаи 111 километрро миёни писарон бо натиҷаи 3:21:06 тай намуда, дар байни 32 иштироккунандаи сабқат ҷойи 10-умро гирифт.
Мусобиқоти қаҳрамонии велосипедронӣ ё дучархасавории Осиё дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи чаҳоруми мусобиқот:
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, духтарон, 61 км
1. София Каримова (Узбекистон), 1:36:45
2. Алина Спирина (Қазоқистон), 1:36:45
3. Даря Қазоқбой (Қазоқистон), 1:40:39
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, писарон, 111 км
1. Самандар Султонов (Узбекистон), 2:47:13
2. Максим Тараскин (Қазоқистон), 2:47:13
3. Иля Карабутов (Қазоқистон), 2:56:50
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонони то 23-сола, 130 км
1. Глеб Бруссенский (Қазоқистон), 3:10:42
2. Даниил Пренский (Қазоқистон), 3:10:42
3. Николас Винокуров (Қазоқистон), 3:10:42
Тақвими мусобиқаҳои рӯзҳои 29-30-юми март
29-уми март (сешанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111 км)
30-юми март (чоршанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардон, ҳаваскорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111 км)