Дар остонаи гуфтугуи намояндагони Украина ва Русия дар Туркия дар ҳамин ҳафта, раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дигарбора ба ҳифзи тамомияти арзии кишвараш таъкид кард.
Ӯ дар як муроҷиате ба мардуми Украина дар шаби 27-уми март гуфт, ки дар ин музокирот “ҳифзи истиқлолу тамомияти арзӣ” авлавияти кишвар хоҳад буд. Ӯ гуфт: “Мо дар ҳақиқат хоҳони сулҳи фаврӣ ҳастем. Фурсат ва зарурати мулоқоти рӯ ба рӯ дар Туркия расидааст.”
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 27-уми март дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ризоият додааст, ки Туркия музокиротро мизбонӣ кунад ва хостори созиши оташбас ва беҳтар кардани шароит барои расонидани кумакҳои башарӣ шудааст.
Музокиракунандагони Украина ва Русия тасдиқ карданд, ки мулоқоти рӯ ба рӯ хоҳанд дошт, ҳарчанд маълум нест, ин музокирот 28-уми март сурат мегирад ва ё 29-уми март.
Нақли Сафват Бурҳонов, журналисти тоҷик, ки аз шаҳри Одесаи Украина ба Олмон паноҳ бурдааст:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти чаҳор ҳафта аз ҷанги бедалел, Русия натавонистааст, ки ҳеч яке аз шаҳрҳои бузурги Украинаро бигирад ва рӯзи 25-уми март аломат дод, ки аз тавсиаи ҷанг даст кашида ва вилояти Донбас тамаркуз мекунад, ки онҷо ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳафт сол боз бо артиши Украина меҷанганд.
Хадамоти ҷосусии Бритониё гуфт, ки дар 24 соати гузашта ҷобаҷойии неруҳои Русия тағйири зиёде накардааст, агарчӣ ба гуфтаи маъмурони иттилооти Бритониё Русия дар ҷануб дар наздикии шаҳри Мариупол пешравӣ доштааст. Русия саъй дорад, ин шаҳри бандарии муҳимро ишғол намояд. Вадим Бойченко, шаҳрдори Мариупол гуфт, ки ин шаҳри соҳили Баҳри Азов дар вартаи буҳрони башарӣ аст ва бояд мардуми онро батамом ба дигар ҷой кучонанд.
Мариупол дар вартаи буҳрони башарӣ
Ба қавли Бойченко, 160 ҳазор нафар дар ин шаҳр бе нерӯи барқ дармондаанд. Ӯ рӯзи 28-уми март гуфт, ки 26 автобус мунтазири берун овардани ғайринизомиён ҳастанд, вале неруҳои Русия ба онҳо гузаргоҳи амне намедиҳанд. Дар дигар гӯшаҳои Украина, неруҳои Русия ҳамчунон бомборони зербунёдҳои муҳимро идома медиҳанд. Бино ба гузориши хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” шоми 27-уми март, неруҳои Русия як анбори бузурги нафт дар вилояти ҷанубуғарбии Волинро бо мушак задаанд.
Кирило Буданов, раиси Хадамоти иттилоотии артиши Украина Русияро ба он муттаҳам кард, ки мехоҳад, ватани ӯро мисли Куриёи Ҷанубӣ ва Шимолӣ ду тақсим кунанд.
Вазорати дифои Украина, баёнияи ӯро нашр кард, ки дар он омадааст: “Таҷовузгарон саъй доранд, минтақаҳои ишғолшударо ба як сохтори кишвармонанд табдил бидиҳанду дар муқобили Украинаи мустақил бигузоранд.” Ба тахмини Кирило Буданов, украиниҳо бо ҷангҳои партизанӣ намегузоранд, ки чунин нақшае амалӣ шавад.
Азми раъйпурсӣ дар Луганск ва посухи Украина
Раҳбари ҷудоиталабон дар вилояти Луганск рӯзи 27-уми март гуфт, ки мумкин аст, дар ин ҷумҳурии худхонда онҳо барои ҳамроҳ шудан ба қаламрави Русия раъйпурсӣ баргузор кунанд. Коре, ки баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия дар соли 2014 сурат гирифт. Олег Николенко, сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Тамоми раъйпурсиҳои қалбакӣ дар қаламравҳои муваққатан ишғолшуда ҳеч эътибор ва ҳукми қонунӣ нахоҳанд дошт. Баръакс Русия ба вокуниши сахттари ҷомеаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва дар инзивои бештар хоҳад монд.”
Дар як гуфтугуе бо хабарнигорони рус дар рӯзи 27-уми март Владимир Зеленский дигарбора гуфт, ҳукумати кишвараш масъалаи эълони бетарафӣ ва замонатҳои амниятӣ ба Русияро баррасӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки Украина ҳамчунон орӣ аз силоҳи атомӣ мемонад. Владимир Зеленский ба хабарнигорон гуфт, ки масъалаи бетарафӣ, яъне ҳамроҳ нашудан ба паймони НАТО бояд дар раъйпурсии умумӣ ва баъди берун рафтани неруҳои Русия аз Украина монда шавад. Русия иҷоза надод, ки ин мусоҳиба дар қаламрави кишвар нашр шавад ва гуфт, нисбат ба расонаҳое, ки мусоҳибаро нашр мекунанд, чораҳои қонунӣ меандешанд.
Неруҳои Русия дар бисёре аз минтақаҳои Украина баръакси пешбиниҳояшон дармондаанд. Аз ҷумла неруҳои Русия ба муҳосираи зуди Киев ноил нашуданд ва баръакс ба муқовимати сахти сарбозони украина дучор омадаанд, ки аз Амрикову дигар кишварҳои ғарбӣ аслиҳа мегиранд. Украина мегӯяд, ки барои шикаст додани Русия, кишварҳои ғарбӣ бояд ба неруҳои он ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва мушак дигар аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ бидиҳад.