Ҷашни асосии наврӯзӣ дар Тоҷикистон поён ёфт, вале баҳси харҷҳои ҳангуфт барои таҷлил аз он дар шароити гаронии нархҳо идома дорад. Рӯзи 21-ум март бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд. Дар ин ҷашн иштирокдорон интихобӣ буданд ва на ҳама мисли Рустам Каримов, сокини ноҳияи Хуросон ба варзишгоҳ роҳ ёфтанд. Ӯ ҳаваси тамошои наврӯзӣ надошт, балки мехост президентро бубинад ва арзашро расонад.