Петр ва Анастасия Микитенко ва се кӯдакашон дар ҳуҷраи хурде дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки баъди омадан аз Маскав ба иҷора гирифтаанд, зиндагӣ доранд. "Мо ба Русия баргаштан намехоҳем. Дарк кардем, ки онҷо бегонаем," -- мегӯяд Анастасия.
"То лаҳзаи охирин бовар надоштем"
Ин ҷуфти украинӣ даҳ соли охир дар Русия мезистанд. Ҳар ду Донишгоҳи театр, кино ва телевизиони ба номи Карпенко-Карийи шаҳри Киевро хатм кардаанд. Анастасия пас аз хатми донишгоҳ пешниҳоди кор дар Театри шаҳри Маскавро гирифт. Зану шавҳар дар пойтахти Русия маскан гирифта, дар театр ва филму эъломҳо нақш меофариданд.
Микитенкоҳо тасмими мушкил, яъне канор гузоштани ин ҳама ва рафтан ба самти номуайянро дар рӯзе гирифтанд, ки акнун ба китобҳои дарсии таърихи асри 21 шомил хоҳад шуд. Артиши Русия субҳи барвақти 24-уми феврали имсол бо фармони президент Путин ба Украина ҳамла кард. Тонкҳо марзҳоро гузашта, мушакҳо шаҳрҳои орому осоиштаро нишон гирифтанд.
"Соат 6-и субҳ буд. Ҳамсарам фарзандамонро ба дарси рақси болои ях бурд. Ман дар хона нишаста, барои YouTube шеъреро замзама ва сабт мекардам. Дар ҳамин вақт Настя занг зада, гуфт, "Русия ба Украина ҳамла кард". Ман гуфтам, ин дурӯғ аст, номумкин аст. Ин кор барои ҳеч тарафе судовар нест. То лаҳзаи охирин бовар надоштем, ки ҷанг мешавад," -- мегӯяд Петр.
"Дар як мижжа задан ҳама чиз ба ҳам зад," -- изҳор медорад Анастасия.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Русҳо аз Русия мегурезанд." Аз тарси оқибатҳои ҷанги ПутинПетри 35-сола зодаи вилояти Киев ва Анастасияи 33-сола зодаи вилояти Одессаи Украина ҳастанд ва дар ватан хешу шинос ва дӯстони зиёде доранд, ки дар шаҳрҳои гуногун ба сар мебаранд. Бо оғози ҳамла расидани хабарҳои нигаронкунандаву мудҳиш барояшон оғоз шуд.
"Волидони мо, ки дар ноҳияи Полесский, аз самти Беларус, ҳастанд, аз зумраи онҳое буданд, ки нахустин шуда, бо таҷовузи Русия рӯбарӯ шуданд. Тонкҳо аз дохили деҳаи мо гузаштанд ва мардум дар таҳхонаҳои манзилҳояшон пинҳон шуданд. Касе таҳхона надошт, ба мактабҳо паноҳ бурд. Панҷ нафареро, ки ба тамокукашӣ баромада буданд, парондаанд. Мактаберо, ки ман онҷо таҳсил кардаам, бо "Град" заданд," -- илова мекунад Петр.
"Фазои мудҳиш"
Телевизионҳои Русия ба пахши таблиғот пардохта, ба ҳама талқин мекунанд, ки сарбозони рус ҳамсоякишварро аз дасти "миллатгароён" "озод" мекунанд ва танҳо зербиноҳои низомиро ҳадаф қарор медиҳанд. Аммо хабарҳои наздикону дӯстони хонаводаи Микитенкоҳо аз Украина чизи дигареро бозгӯ мекунанд.
Бародари 23-солаи Анастасия ба ҷанг рафта, волидонаш дар таҳхона пинҳон мешаванд. Дугонаи Анастасия аз шаҳри Мариупол дар аввал хабар додааст, ки шаҳр дар муҳосира қарор дораду барқ ва обу низоми гармидиҳӣ қатъ шудааст ва сипас тамос бо худи ӯ низ қатъ шудааст. Шаҳри бандарии воқеъ дар канори баҳри Азов ба муродифи фоҷеаи инсонӣ табдил меёбад. Дар аксар шаҳрҳо мушаку бомбаҳо ба хонаҳои сокинон сарозер мешаванд.
"Мо дар як ҳолати ногувор қарор гирифтем. Одамоне, ки давоми 7-8 соли ахир бо мо мезистанд, дар ғамамон шарик нашуданд. Баръакс, аз ончи дар Украина мегузарад, ҳимоят карда, онро кори дуруст шумориданд. Мегӯянд, "ҳоло каме сабр кунед, онҷо 70 дарсад миллатгаро ҳастанд, онҳоро нобуд созанд (70 дарсадро), сипас орому осуда зиндагӣ мекунем ва ҳамааш хуб мешавад," -- меафзояд Петр.
Петр ва Анастасия талош кардаанд, ба шиносҳояшон дар Русия фаҳмонанд, ки дар ватани онҳо ҳечгуна "низоми миллатгарое нест. Мардум онҷо худ шаҳрдорҳоро интихоб карда, монанди одамони кишварҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд. Заминҳоро кишт, дар корхонаҳо кор ва фарзандҳоро тарбия мекунанд. Дар ватани худ боғча, мактаб ва роҳу пулҳои нав месозанд." Микитенкоҳо ба русҳо мегӯянд, ки худашон аз шаҳрҳои Украина боздид карда, аз Лвов то ба Харков рафтаанд, вале ҳечгуна бадбиниеро нисбат ба русзабонҳо надидаанд.
"Онҳо бовар намекунанд. Фазои мудҳише буд. Гуё ҳаво намерасид ва ту нафасгир мешудӣ. Аз нигоҳи равонӣ таҳаммулнопазир буд. Вақте наздикони туро бомбаборон мекунанду ту чизе гуфта наметавонӣ ва даҳонат бастааст. Дарк кардам, ки дигар ҷисман наметавонам ингуна зиндагӣ кунам. Бояд ҳар куҷое бошад, биравем," -- мегӯяд Анастасия.
Парвози ҳавопаймоҳо ба Украина аллакай қатъ шуда буд. Петру Анастасия шаҳрвандии Украинаву Русия ва кӯдакон танҳо шаҳрвандии Русияро доранд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ба Қазоқистон, ба кишваре бираванд, ки шаҳрвандони Русия метавонанд ба он бе раводид ва ҳатто бе шиносномаи хориҷӣ сафар намоянд. Онҳо дар Қазоқистон на дӯст ва на шиносе доштанд.
Дар аввал тасмим гирифтанд, ба шаҳри Нурсултон бираванд, вале дастрастарин билетро ба Чимкент, шаҳре дар ҷануби Қазоқистон ёфтанд. Бо ҳарос ва таваккал билет харида, дар фурудгоҳ санҷиши коронавирус супориданду Русияро тарк карданд.
Дар макони нав
Хонавода аз фурудгоҳи Чимкент рост ба истгоҳи роҳи оҳан рафтаанд, то худро ба сафорати Украина дар Нурсултон расонанд. Дар намояндагии дипломатӣ ба онҳо гуфтаанд, таҳияи санадҳои украинӣ барои кӯдакон, ба эҳтимоли зиёд, танҳо баъд аз хатми ҷанг имкон дорад.
Ҳаво дар пойтахти Қазоқистон барои Петру Анастасия хеле сард намудааст. Ибтидои моҳи март дар онҷо ҳаво хунуку шамоли сахте буд. Онҳо бо се фарзанди худ чандсад метр қадам мезананд ва кӯдакон шикоят мекунанд, ки ҳаво хеле сард аст. Зану шавҳар дар натиҷа тасмим мегиранд, ки ба ҷануби Қазоқистон баргарданд.
Онҳо дар истгоҳи Чимкент бо соҳибкори маҳаллӣ Сарғозӣ Бекмурод шинос мешаванд, ки мегӯяд, ҳамеша барои кумак кардан омодааст. "Ҳамаи мо аз вазъ дар Украина нигарон ҳастем. Вақте фаҳмидам, аз Украина ҳастанд, бо онҳо суҳбат кардам. Одамони хушахлоқ ва бофарҳанг ҳастанд. Хеле ғусса мехӯрданд ва хаста буданд. Мо ҳамроҳ бо ихтиёриён барояшон ҳуҷраеро барои се моҳ ба иҷора гирифта, ашёи зарурии маиширо харидем," -- нақл кард Сарғозӣ.
Микитенкоҳо каме дуртар аз маркази шаҳр зиндагӣ мекунанд. Дар наздикии хонаашон боғ ҳаст ва барои кӯдакон низ баромадан ба кӯча писанд меояд. Хонавода барои сабтиноми муваққат ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардаанд. Петр низ кори муваққатӣ ёфтааст ва Анастасия кӯдаконро дар хона нигоҳ мекунад.
"Мардуми хубу меҳрубоне ҳастанд. Хеле кумак карданд. Мо ба ингуна дастгирӣ ниёз доштем. Хеле миннатдорем," -- бо табассум илова кард Анастасия.
Петр ва Анастасия бо наздикони худ дар Украина тамоси доимӣ доранд. Орзу мекунанд, ки ҷанг зудтар хотима ёбад ва онҳо тавонанд бо пайвандонашон якҷо шаванд. "Инҷо ҳисси дигаре дорам. Ҳатто ҳиссе, ки аз инҷо метавон ба ватан парвоз кард. Мехоҳем ба Украина наздик бошем ва бо хатми ҷанг биноҳоро барқарор созем. Албатта, одамони рафтаро наметавон баргардонд. Мехоҳем, ҷанг зудтар хотима ёбад ва талафот ҳам камтар бошад. Ман ифтихор дорам, ки онҷо ҳама аз замини худ муҳофизат мекунад. Украиниҳо то охир мубориза хоҳанд бурд," -- афзуд Анастасия.
Ҷанги Русия дар Украина ҷони ҳазорҳо касро рабуд ва ҳанӯз низ мерабояд. Кремл ҳамоно исрор дорад, ки дар Украина бо мақсади ғайринизомисозӣ ва маҳви миллатгароӣ "амалиёти махсус" анҷом медиҳад ва "ҳама чиз тибқи нақша пеш меравад". Чизе, ки Киев ва кишварҳои ғарбӣ таҷовуз ба хоки Украина меноманд ва Маскавро ба ҷинояти ҷангӣ муттаҳам мекунанд.