Мақомоти тоҷик мегӯянд, шумораи шаҳрвандоне, ки аз Украина ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд, аз ду ҳазор нафар бештар шудааст.
Дар cафорати Тоҷикистон дар Украина гуфтанд, ки аз тариқи Лаҳистон (Полша) 2033, Молдова 210 ва Словакия 43 нафар шаҳрвандони кишвар берун шудаанд.
Мавлон чаро аз Киев фирор кард?
Мақомот гуфтаанд, он шаҳрвандоне, ки ҳақи иқомату кор дар Украинаро доштанд, имкони мондан дар кишварҳои аврупоиро доранд ва шаҳрвандоне, ки чунин ҳақ надоштанд, бояд ба ватан баргарданд.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳоло дар паноҳгоҳҳо дар Лаҳистон ва Олмон нигаҳдорӣ мешаванд. Бархе гуфтанд, ки барояшон аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳоди кор шудааст ва барои бархеи дигар мӯҳлат додаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.
Мавлон, як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 16-уми март Киев, пойтахти Украинаро тарк кард ва аз тариқи Молдоваю Руминия ба Лаҳистон расидааст.
Ӯ то замони ҷанг дар Киев дар як корхонаи коркарди меваи хушк кор мекард. Ба гуфтаи Мавлон, то рӯзи 16-уми март сабр карданд ва фикр доштанд, ки ҷанг хатм мешавад, вале вазъ баръакс бадтар шуд. “Мо дар як хонаи иҷора будем. Даҳ рӯз пинҳон шудем ва гуфтем, ки тинҷӣ мешавад, лекин садои тирпаронӣ бештар шуд. Дигар бекор монда будем ва нахостем истем.”,--гуфт ӯ.
Бархе дар Аврупо мемонанд, бархе ба ватан бармегарданд
Ин ҷавони тоҷик ва панҷ ҳамроҳаш мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд, чун бо худ ҳуҷҷати муваққатии кор дар Украинаро доранд, ки бар асоси он ҳақи мондан дар Аврупо дода намешавад.
Ҷумъахон, муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар тарабхонае дар Киев ошпаз кор мекард, рӯзи 15-уми март ин кишварро тарк кардааст. Ба ӯ низ мӯҳлат додаанд, то ба Тоҷикистон баргардад. “Аз сад нафар зиёд ҷамъ шудаем, вале ҳеҷ нест, ки бозгашти моро ба ватан ташкил кунанд. 140 кас зиёд ҷамъ шудааст. Мо дар ин ҷо зиёд монда наметавонем.”,--гуфт ӯ.
Видеои суҳбати донишҷӯи тоҷик, ки дар Олмон паноҳанда шудааст, инҷо бубинед:
Дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон гуфтанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти аврупоӣ бозгашти шаҳрвандонро ташкил хоҳанд кард.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина ҳаққи иқомати доимӣ ё иҷозаи кору таҳсил доштанд, дар кишварҳои аврупоӣ мондаанд.
Саидҷон ба Олмон паноҳ бурд
Саидҷон Раҳимов, донишҷӯи тоҷик, ки аввали моҳи март аз Днепр берун шуд, рӯзи 23-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимол таҳсилашро дар Олмон идома диҳад. Ӯ ҳоло дар паноҳгоҳе дар Олмон қарор дорад ва мақомот гуфтаанд, ӯ имкони кору зиндагӣ дар ин кишвари аврупоиро дорад. “Инҷо ба бахше аз донишҷӯёни кишварҳои аврупоӣ вобаста ба соли таҳсилашон ва ихтисосашон иҷозаи давоми таҳсилро доданд. Мо ҳам кушиш дорем, ки таҳсиламонро ҳаминҷо давом диҳем.”,--гуфт ӯ.
Саидҷон, донишҷӯи Донишгоҳи кимиёӣ-технологиии Днепри Украина буд. Ӯ мегӯяд, ҳоло аксари ҳамсабақон ва устодони украиниаш дар ҷанг қарор доранд.
Ба мардони украинии аз 18 то 60 сола иҷозаи берун аз ин кишвар дода нашудааст ва аксаран барои дифоъ аз ватан ҷалб шудаанд.
Ҷанги Русия зидди Украина рӯзи 24-уми март оғоз шуд. Миллионҳо нафар аз ин кишвар фирор карданд ва садҳо нафар кушта ё маҷрӯҳ гаштанд. Ҳанӯз бомбаборони шаҳрҳои Украина давом дорад ва поёни ҷанг номаълум аст.