"Гум" шудани Вазири мудофиаи Русияро шарҳ доданд

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия

Мақомоти Русия нопадид шудани Сергей Шойгу, вазири мудофиаи ин кишвар аз чорабиниҳои оммавиро шарҳ доданд.

Рӯзи 22-уми март Дмитрий Трешанин, журналисти рус дар Твитер навишт, ки Сергей Шойгу аз 11-уми март ба ин тараф дар телевизионҳо дида намешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфтааст, ки ҳоло "вақти дар расонаҳо баромад кардан нест."

Аз ин пеш, то 11-уми март расонаҳо пайваста Сергей Шойгуро намоиш медоданд.

Бархе наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ сактаи қалб шудааст.

Сергей Шойгу амалиёти низомӣ зидди Украинаро раҳбарӣ мекард.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло амалиёти низомии Русия дар ин кишвар ҳеҷ пешрафте надорад.