Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик парвандаи нав нисбаташро бесос хондааст ва гуфтааст, иддаои даъвогар дар бораи барнагардондани 10 ҳазор доллар асос надорад.
Нисбат ба Иззат Амон бо даъвои Нурулло Воҳидов, сокини шаҳри Бохтар парванда боз кардаанд. Ӯ даъво кардааст, ки Иззат Амон аз ӯ даҳ ҳазор доллар гирифт, вале шаш ҳазор долларашро пардохта, чор ҳазор доллари дигарро надодааст.
"Чор ҳазор долларро ба ҳамсари даъвогар додам"
Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеъ рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Иззат Амон суҳбат дошт ва ӯ гуфтааст, чор ҳазор долларо ба ҳамсари Нурулло Воҳидов додааст, ки ҳоло дар Украина қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз оғози норомиҳо дар Украина талоши тамос бо ҳамсари ин мард натиҷа надодааст.
“Даъвогар Нурулло Воҳидов эътироф кард, ки дар ивази як мошини "Мерседес" 6 ҳазор доллар аз наздикони Иззат Амон гирифтааст, вале 4 ҳазори боқимондаро ҳанӯз нагирифтааст. Иззат Амон дар забонхаташ навиштааст, ки ба зани даъвогар ин пулро додааст, вале Нурулло мегӯяд, занаш рад кардааст. Мо бо ҳарфҳои Воҳидов бовар надорем ва мехоҳем мустақим бо ин зан тамос гирем.”,-- мегӯяд вакили мудофеъ.
Талошҳои мо барои суҳбат бо даъвогар Нурулло Воҳидов натиҷа надод. Дар як навори видеоӣ, ки дар саҳифаҳои зоҳиран наздик ба мақомоти тоҷик нашр шудааст, ӯ иддао мекунад, ки Иззат Амон пули ӯро пас надодааст. Ӯ аз мақомот талаби баргардонидани пулашро мекунад.
Парвандаи нав: "Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон"
Як манбаъ дар Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми март бе зикри ном тасдиқ карда буд, ки нисбат ба Иззат Амон бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" парванда боз шудааст.
Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин гуноҳ 125 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеъ мегӯяд, дубора барои афви Иззат Амон баъди содир шудани ҳукми 9 соли зиндон ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия ариза пешниҳод кардаанд, вале бо нашри видеоии Нурулло Воҳидов оид ба қарзи 10 ҳазордоллар парвандаи дигар боз шуду ин масъала бебаррасӣ монд.
Қазияе, ки "ҳафт сол пеш ҳал шудааст"
Наздикони Иззат Амон даъворо сохта медонанд. Онҳо мегӯянд, Нурулло Воҳидов дар як соли охир ҳеч муроҷиат накарда буд, аммо моҳи январи имсол, вақте 232 сомонии боқимондаро аз парвандаи пешина ба соҳибаш баргардонданд ва бар асоси он бознигарии ҳукмро хостанд, "ӯ пайдо шуд".
Баҳсе, ки ба гуфтаи наздиконаш "ҳафт сол пеш ҳал шудааст" ва асосе барои ифтитоҳи парванда шуда наметавонад.
Ашӯрбибӣ Холова, модари Иззат Амон рӯзи 7-уми март, гуфта буд, шахсеро, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят бурдааст, "хуб мешиносанд" ва парвандаи нав нисбати фарзандаш "беасос аст".
Ӯ афзуд: "Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он, 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд."
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳанӯз даъвогарро бо Иззат Амон ва наздиконаш рӯбарӯ накардаанд.
Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзи 19-уми октябри соли гузашта бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум намуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Баҳси 10 ҳазор доллар. Барои Иззат Амон парвандаи нав боз кардаандҚазияи Мадина ва ҳукми Иззат. Қонуни афв одилона иҷро шуд? ВИДЕОҚазияи Иззат Амон барои ҷомеаи Тоҷикистон чӣ паём дорад?Писараш мегӯяд, Иззат Амонро барои 232 сомонӣ зиндонӣ карданд. ВИДЕОИззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакил гуфт, "ғайриқонунист" ВИДЕО