Тоҷикон дар Наврӯзи Фарғона "Ё вайло"-ро хонданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон тоҷикони муқимӣ Наврӯзро бо шеваи хос таҷлил карданд. Рӯзи 21-уми март, дар боғи Кохи санъат ва театри ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона дар радифи 14 растаи наврӯзии шаҳру навоҳии вилояти Фарғона, се гӯшаи наврӯзии тоҷикон ҳам боз шуд.