Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат ба шабакаи CNN "далел"-и навбатии Кремл дар бораи ҳамла ба Украинаро баён кард. Песков рӯзи 22-юми март гуфт, пеш аз оғози "амалиёти махсус" ҳудуди 120 ҳазор низомии Украина дар хатти даргирҳо бо минтақаи Донбасс қарор доштанд. Ин минтақа аз соли 2014 дар зери идораи ҷудоиталабони рӯ ба Маскав аст. Песков инро сабаби ҳамла номид, дар ҳоле ки президент Путин ваҷҳи дигареро заминаи оғози "амалиёти махсуси ҳарбӣ" дар Украина номида буд.
Изҳороти нави сухангӯи президенти Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти Украина дар бораи ҷамъ шудани миқдори зиёди неруҳо дар хатти даргириҳо дар Донбасс хабар надодаанд.
"Нишонаҳои мустақими омодагии ҳамла вуҷуд доштанд,"-гуфт сухангӯи Кремл, аммо далеле барои исботи гуфтаҳояш наовард. Дмитрий Песков ҳамчунин гуфт, ҳадаф аз иқдоми ахири Русия "водор сохтани ҷаҳониён буд, ки ба нигарониҳои мо гӯш диҳанд.”
Вале бино бар хабари хадамоти махсус ва расонаҳои ҷаҳон Русия аз оғози сол гирифта, наздик ба 150 ҳазор неруро дар марзи Украина ҷамъ оварда буд ва ин сабаби ҳушдори раҳбарони ҷаҳон аз эҳтимоли ҳамла ба Украина аз Русия ва Беларус мегашт.
Неруҳои Русия субҳи 24-уми феврал бо фармони Владимир Путин ба Украина ҳамла карданд. Маскав ин иқдоми худро “амалиёти махсус” барои ғайринизомӣ кардани Украина медонад. Аммо Киев ва кишварҳои Ғарбӣ иқдоми Русияро таҷовузи ошкор ба хоки Украина донистанд.
Ҷанг як моҳ аст, ки давом дорад ва аз ҳарду тараф садҳо нафарро қурбон кард. Дар миёни ҳалокшудагон аз Украина занону кӯдакон низ ҳастанд. Созмони Миллал дар гузориши ахираш гуфт, бар асари ҷанг дар Украина, 953 шаҳрванди мулкӣ кушта шуда, 1557 нафар захмӣ шуданд. Ба иттилои ин созмон, шумори паноҳандагон аз 3,5 миллион нафар гузашт. Тақрибан чаҳоряки аҳолии Украина маҷбур шудаанд, ҷойи зисташонро тарк кунанд.
Мақомоти Украина дар бораи ҳалокати беш аз 15 ҳазор низомии Русия дар ин кишвар хабар доданд. Маскав ҳалокати 557 нафарро тасдиқ кардааст. Дар миёни ҳалокшудагон зодагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд. Бино ба хабари дарёфтӣ, рӯзҳои охир ҷасади дастикам 4 зодаи Тоҷикистонро, ки шаҳрвандии Русияро дошта, дар ҷанги Украина кушта шуданд, ба ватан овардаанд. Як зодаи Қирғизистон ҳам рӯзи 8 март дар Украина кушта шудааст.
Сарфи назар аз ҷорӣ шудани таҳримҳои сахт алайҳи Русия ва даъватҳо барои хатми ҷанг, Маскав то ҳол барои поён додан ба даргириҳо иқдом накардааст. Сухангӯи президенти Русия рӯзи 22-юми март гуфт, "амалтиёни вижаи низомӣ идома дорад," чун то ҳол ҳадафҳои асосӣ ба даст наомадаанд.
Рӯзи 22-юми март Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба хатми "ҷанги бемаънӣ"-е даъват кард, ки Русия дар Украина шуруъ кардааст. Вай гуфт, дар ин низоъ касе пирӯз намешавад ва одамон маҷбуранд аз "барзахи воқеӣ" гузар кунанд.
"Идомаи ҷанг ахлоқан ғайри қобили қабул, аз ҷиҳати сиёсӣ тавҷеҳнопазир ва аз диди ҷангӣ бемаънӣ аст", - гуфт Гутерриш дар суҳбат бо рӯзноманигорон рӯзи 22 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА.
Шоми душанбе Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дигарбора хостори мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия, шуд ва гуфт, бе гуфтугӯ бо ӯ ба ҷанг поён додан имконнопазир аст. Кремл дар ин бора вокуниш накардааст.