Наврӯз, яке аз ҷашнҳои қадимиро рӯзи 21-уми март дар гӯшаҳои Тоҷикистон бо гунаҳои мухталиф таҷлил карданд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, пас аз ду соли пандемияи коронавирус бо хотири ҷамъ идро истиқбол гирифтанд. Иддае дигар гуфтанд, ки ҳоло аз ҷанги Русия дар Украина ва ҳамин тавр гаронии нархи маҳсулот дар ташвишанд.
Кӣ чӣ гуна ҷашн гирифт?
Баръакси кӯчаву хиёбонҳои Душанбе фазои идона дар баъзе боғҳои фарҳангӣ бештар ба назар мерасид. Баъзе аз сокинон дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, бо вуҷуди эълони рӯзи истироҳативу таҷлили ҷашни Наврӯз пайи кору зиндагии худ ҳастанд. Онҳое, ки мехостанд, шоҳиди тантанаҳои ҷашни Наврӯз шаванд, низ кам набуд.
Сайлигул Саидзода, сокини шаҳри Душанбе, барои боздид аз ҷашни Наврӯз ба Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ омада буд. Вай гуфт, аз ин ҷо боздид кардааст, вале идро дар маҳалли корашон, дар як идораи давлатӣ, таҷлил мекунанд.
"Мо имсол Наврӯзро дар корхона пешвоз мегирем, бо пухтупазҳои тоҷикӣ, бо анъанаҳои қадимӣ. Суманак, оши бурида мепазем, чакану атлас мепӯшем,” – афзуд ӯ.
Видео: Таҷлили Наврӯз дар Душанбе
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз сокинон маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузошта буданд. Хонбибӣ Баротова мегӯяд, ба хотири ҷашни Наврӯз кокулҳои дастдӯзи худро арзонтар кардааст. “Арзонтар мефӯрушем, ки одамон зӯрашон ба харидан расад. Шахсоне ҳастанд, ки хоҳиши харидан доранд, вале зӯрашон намерасад," – афзуд ӯ.
Харҷ агар...
Ҳар сол барои баргузории тантанаҳои пуршукӯҳе ба мисли Наврӯз дар Тоҷикистон ҳазорҳо кас, асосан донишҷӯёну толибилмон ҷалб гардида, барои таҷлил аз он миллионҳо сомонӣ сарф мешавад. Чунин харҷу ҷалби сокинон ба "маршировка" ё омодагӣ ба чорабиниҳои наврӯзӣ танқиду нигарониҳоеро низ ба миён овардааст, ҳарчанд мақомот дар гузашта чунин иқдомҳои худро дуруст шумурдаанд.
Марги як хонандаи мактаб дар шаҳри Бохтар, ки ба қавли наздиконаш чанд рӯзи охир дар "маршировка"-и чорабиниҳои наврӯзӣ иштирок доштааст, дигарбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён гузошт.
Видео: Хароҷоти маъракаҳои расмии Наврӯз аз куҷост?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо таваҷҷуҳ ба тантанаҳои бошукӯҳи пурхарҷ баъзе аз сокинон бо ишора ба дастархони хоксоронаи худ, мехоҳанд, дар таҷлили Наврӯз низ меъёрҳои танзим риоя шавад. Ҳамон тавр ки дар маъракаҳои сокинон мақомот пайваста инро таъкид мекунанд. Бархе дигар бо нигаронӣ аз гаронии нархҳо мегӯянд, агар соле пеш дар остонаи таҷлили Наврӯз аз пандемияи COVID-19 бештар ташвиш доштанд, ҳоло афзоиши босуръати нархҳо онҳоро ғарқи андеша кардааст.
Сайёра Охунназарова, сокини Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мехоҳад, ҳар чӣ зудтар арзонӣ шавад, тинҷӣ шавад".
Аксҳо аз корвони наврӯзӣ дар пойтахт:
Ид – чаҳор рӯз
Рӯзи 21-уми март дар Душанбе асосан дар Боғи фарҳангу фароғатӣ иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Тибқи иттилои расмӣ, рӯзҳои 22, 23 ва 24-уми март таҷлил аз Наврӯз дар боғҳои дигари пойтахт идома хоҳад кард.
Дар ин чорабиниҳо барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ сокинон пешбинӣ шудааст. Дар гӯшаҳои дигари кишвар низ маҳфилҳои наврӯзӣ ҷараён дорад. Маъракаи расмии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон баргузор шуд.
Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад