Петр Сегрт: Дари мунтахаби Тоҷикистон барои ҳамаи бозигарон боз аст

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзҳои 25-ум ва 29-уми март дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор мешавад, шуруъ кард. Аввалин тамрини даста бо сарварии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, 19-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба дастаи мунтахаб барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – даъват шудаанд. ки ҳашт нафарашон легионер мебошанд.

Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз бошгоҳи «Персеполис»-и Эрон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев аз тими «Локомотив-Пловдив»-и Булғористон 21-уми март ба даста мепайванданд.

Панҷ легионери дигар – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев ва Зоир Ҷӯрабоев, нимҳимоятгарон Эҳсони Панҷшанбе ва Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳҳои Узбекистон бозӣ мекунанд, инчунин ҳамлагар Шериддин Бобоев аз тими «Мактаарал»-и Қазоқистон ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Намангон ҳамроҳ мешаванд.

«Меҳоҳам бигӯям: дари мунтахаби Тоҷикистон барои ҳамаи бозигарон кушода аст – ин шиор не, мавқеи ман аст», – гуфт Петр Сегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангони Узбекистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»-и Хуҷанд);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Меҳрубон Каримов («Динамо», Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»),

Кароматулло Саидов («Хуҷанд»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Фатҳулло Олимзода («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Футболбозони тоҷик рӯзи сешанбеи 22-юми март ба Намангон мераванд. Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда – иштирок мекунанд.

Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз меёбад. Дар 1/2 финал мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март бо тими миллии Уганда вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Қирғизистон рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ғолибони нимфинал ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022» роҳ меёбанд, мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм иштирок хоҳанд кард.

Ташкилкунандаи мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» Ассотсиатсияи футболи Узбекистон мебошад. Бо даъвати ин созмон чаҳор ҳаками футбол аз Тоҷикистон - Насрулло Кабиров ва Сайёдҷон Зайниддинов, ҳарду довари ФИФА, инчунин Вафо Қараев ва Исмоил Нуралиев, ҳарду ёварони довари ФИФА, - барои доварӣ кардани бозиҳои «Ҷоми Наврӯз-2022» ба Намангон сафар мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25-уми март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – Тоҷикистон

20:00 – Узбекистон – Қирғизистон

29-уми март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.