Сардор дар Ашхобод савганд хӯрд ва ба курсии падараш нишаст

Сардор Бердимуҳаммадов моҳи сентябри соли 2021 чиҳилсола шуд ва ҳақ пайдо кард, ки номзад ба мақоми раиси ҷумҳур шавад.

Сардор Бердимуҳаммадов, писари раҳбари худкомаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, расман ба курсии раиси ҷумҳур нишаст ва ҷойи падарашро гирифт, ки аз соли 2006 президенти кишвар буд.

Маросими адои савганди Сардор Бердимуҳамадов, рӯзи 19-уми март дар Кохи Руҳоният дар шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон сурат гирифт. Хабаргузории давлатии Туркманистон дар гузорише аз инъикоси маросим навиштааст: “Имрӯз дар таърихи ватани мустақил, рӯзи хосе хоҳад буд, ки баргаштнопазирии равандҳои демократӣ дар кишварро нишон медиҳад.”

Туркманистон, ки аксаран кишвари худкома номида мешавад, дар шохиси демократияи созмони Хонаи Озодӣ дар соли 2020 аз назари тағйироти демократӣ баҳои пасттаринро гирифтааст.

Сардор Бердимуҳаммадов дар интихоботи зудраси 12-уми март “пирӯз” шуд. Пеш аз ин падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола дар моҳи феврал эълон кард, ки аз мақоми раиси ҷумҳур меравад, то роҳро барои “раҳбарони ҷавон” боз кунад. Рӯзе баъд аз ин эълон, порлумони фармонбардори ҳукумат дар Туркманистон санаи интихоботи зудрасро таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов моҳи сентябри соли 2021 чиҳилсола шуд ва ҳақ пайдо кард, ки номзад ба мақоми раиси ҷумҳур шавад. Дар интихобот бо ӯ 8 номзади дигар ҳузур доштанд, ки ҳамаашон афроди вафодор ба падараш буданд. Ба қавли мақомоти интихоботӣ, Сардор Бердимуҳаммадов 73 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Аз замони ба истиқлол расидани Туркманистон дар соли 1991 ҳеч яке аз интихоботҳои ин кишвар ба гуфтаи нозирони ғарбӣ, озоду одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.

Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ дар рӯзи интихобот дар рӯзи 12-уми март раъйдиҳии такрорӣ, пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ ва фишор ба мардум барои овоз додан ба Сардор Бердимуҳаммадов зиёд мушоҳида шудааст.

Сардор Бердимуҳаммадов то расидан ба мақоми раиси ҷумҳур аввал ба чанд мақоми баланд дар ҳукумат пешбарӣ шуд ва кор кард. Ӯ моҳи июл муовини нахуствазир дар умури иқтисод ва бонкдорӣ таъйин шуд. Пештар аз ин раиси Палатаи назорати молӣ ва узви Шӯрои амнияти миллии Туркманистон буд.

Дар аҳди падараш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, вазъи зиндагӣ ва сатҳи некуаҳволии мардум поин рафт, бо вуҷуди онки Туркманистон чаҳорумин захираи азими гази ҷаҳонро дорад ва қимати он сол ба сол боло меравад.