Мақомот гуфтанд, интернет ба Бадахшон "бармегардад"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз рӯзи 21-уми март дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пурра барқарор мешавад. Сокинони ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, баъди тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли гузашта аз дастрасӣ ба интернет маҳрум буданд.