Асрор Воҳидов, муштзани маъруфи тоҷик, қувваозмоии навбатии худро дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ 21-уми март дар шаҳри Маскав бо Владимир Никитини русиягӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, Асрор Воҳидов, ки 23-юми январи соли 2021 дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбурги Русия бар Тато Бонокоане аз Африқои Ҷанубӣ пеш аз муҳлат пирӯз шуд, соҳиби унвони ғолиби WBO Oriental гардид.
Муштзани тоҷик дар вазни дувуми сабуктарин (55,2 кило), ки мебоист даҳ раунд идома мекард, дар дақиқаи дувуми раунди нӯҳум бар рақиби 30-солааш Тато Бонокоане бо нокаут ғолиб омад.
Асрор Воҳидов илова ба унвони ғолиби WBO Oriental, ба нимфинали Гран-прии WBO, ки аз ҷониби RCC Boxing Promotions баргузор шудааст, роҳ ёфт.
Ӯ аз ин пеш, 5-уми декабри соли 2020, дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ, ки онро RСС Boxing Promotions ва Ширкати миси Русия дар Екатеринбург доир карданд, дар вазни дувуми сабуктарин аллакай дар ибтидои раунди севум ба рақиби 18-солааш Данило Савченко аз Украина бо нокаут ғолиб омад.
Асрор Воҳидов 11-уми сентябри соли гузашта дар Екатеринбург муқобили Муҳаммад Шехови русиягӣ ба ринг баромад. Аз рӯи натиҷагирии даҳ раунд як довар муштзани тоҷикро ғолиб донист, вале ду нафари дигар муштзани русиягиро пирӯз ҳисобиданд. Бинобар ин, Асрор бори аввал дар бокси ҳирфаӣ шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, Асрор Воҳидов, ки қадаш 1 метру 68 сантиметр, вазнаш 55,34 кг аст, дар бокси ҳирфаӣ аз моҳи октябри соли 2016 то ҳоло даҳ қувваозмоӣ анҷом додааст. Ӯ дар нӯҳ рақобати худ, аз ҷумла дар панҷтоаш бо нокаут пирӯз шуда, дар як қувваозмоӣ мағлуб гаштааст.
Асрор Воҳидови 26-сола зодаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2011 дар бокси ҳаваскорӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 48 кило байни наврасон даст ёфта буд. Ҳамон сол Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) Воҳидовро беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон кард. Инчунин ӯ дар риштаи кикбоксинг низ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон мушарраф шудааст.
Дар комёбиҳои Асрор Воҳидов саҳми устодаш Додобек Фатҳуллоев бузург аст. Ин мураббии варзида ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шогирдаш барои иштирок дар мусобиқаҳои бокси ҳирфаӣ аз Исфара ба Санкт-Петербург ва баъдан аз онҷо ба Екатеринбург рафтааст.
“Асрор узви яке аз клубҳои варзишии Русия мебошад ва пеш аз ҳар як рақобат дар Санкт-Петербург тамрин мекунад. Бинобар ин дар мусобиқот ду кишвар – Русияву Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд”, - гуфт Додобек Фатҳуллоев.
Рақиби навбатии ин муштзани тоҷик Владимир Никитини 31-сола аз Русия мебошад, ки қадаш 1 метру 69 сантиметр ва вазнаш 57,15 кг аст. Ӯ дар бокси ҳирфаӣ аз 8 қувваозмоӣ дар 6-тоаш пирӯз шуда, яктоашро бохта, яктоашро мусовӣ кардааст.