Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико зимни як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед ҳамтои русаш Владимир Путинро як "ҷинояткори ҷангӣ" хонд. Пеш аз Байден, субҳи чаҳоршанбеи 16-уми март Сенати Амрико қатъномаеро қабул кард, ки дар он Путин бинобар ҷанг дар Украина, "ҷинояткори ҷангӣ" муаррифӣ шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия ин изҳороти Ҷо Байденро, ки Путинро "ҷинояткори ҷангӣ" хонд, маҳкум кард. Вай афзуд, ки ин изҳороти раиси ҷумҳури Амрико "ғайри қобили қабул ва нобахшиданист".
Ба навиштаи Бӣ-Бӣ-Сӣ, сухангӯи Кохи Сафед андаке баъд аз изҳороти оқои Байден талош кард суханони ӯро шахсӣ ва на мавзеи расмии ҳукумати Амрико ҷилва диҳад. Ҷен Псаки ба хабарнигорон гуфт, ки президенти ИМА "ҳарфи дилашро задааст". Хонум Псаки гуфт, оқои Байден баъд аз дидани аксҳо "аз амалкардҳои бераҳмонаи як диктатори золим дар ҳамла ба як кишвари хориҷӣ", ин ҳарфҳоро задааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дархости ҳамтои украиниаш Владимир Зеленкский дар бораи ироаи кӯмакҳои низомиро қабул кард. Бинобар гузоришҳо, интизор меравад Ҷо Байден 800 миллион доллар ба Украина кӯмак кунад. Ин маблағ бар иловаи 13,6 миллиард долларе аст, ки Амрико пештар барои кӯмак ба Украина ҷудо дода буд.
Ҳамзамон Додгоҳи байналмилалии Гаага, яке аз муҳимтарин додгоҳҳои ҷаҳон хоҳони қатъи ҳамлаи низомии Русия ба Украина шуд. Раиси ин додгоҳ гуфт, ки Русия бояд хусуматҳо дар хоки Украинро, ки аз 24-уми феврал оғоз кардаст, фавран поён диҳад.
Парвандаи кишварҳое, ки аз дастури Додгоҳи байналмилалии Гаага сарпечӣ кунанд, мумкин аст ба Шӯрои Амнияти СММ вогузор шавад. Ҷойе ки Русия аз ҳаққи вето бархӯрдор аст. Ин дастури Додгоҳи байналмилалӣ роҳро барои ҳар гуна таъқиби додгоҳии дигар боз мегузорад. Владимир Зеленский аз ин иқдоми Додгоҳи байналмилалии Гаага истиқбол кард.
Ҳамзамон Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо Русияро аз ин созмон ихроҷ кард. Пештар Ассамблеи порлумонии Шӯрои Аврупо тавсия дода буд, ки Русия аз Шӯрои Аврупо ихроҷ шавад. Ба ҷуз ин, шуруъ аз 16-уми март Русия дигар узви Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон нест. Акнун додгоҳҳои Русия вазифадор нестанд, ки аз содир кардани ҳукми қатл худдорӣ варзаданд.
Шӯрои Аврупо ба далели ҳамлаи Русия ба Украина узвияти Маскавро охири моҳи феврал дар ин созмон боз дошта буд. Русия 15-уми март Шӯроро хабардор кард, ки аз созмон хориҷ мешавад. Русия соли 1996 узви Шӯрои Аврупо шуда буд ва аввалин кишварест, ки аз ин созмон ихроҷ мешавад.
Ҳамлаи низомии Русия ба Украина рӯзи 24-уми феврали имсол шурӯъ шуд. Расонаҳои давлатии Русия ҳамлаи низомӣ ба Украинро "амалиёти вижаи низомӣ" мехонанд. Аммо Украина ва кишварҳои ғарбӣ онро "таҷовуз"-и ошкор ба тамомияти арзии як кишвари мустақил медонанд. Тибқи гузоришҳои муътамад, нерӯҳои русӣ ғайринизомиёнро ҳам ҳадаф қарор додаанд. То кунун дар ин муноқиша аз ҳар ду тараф садҳо нафар кушта шуда, ҳудуди 3 миллион украинӣ қаламрави кишварашонро тарк кардаанд.