Дар Туркманистон қудрат аз падар ба писар гузашт. Акнун навбати кист?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҷрибаи аввалини интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Осиёи Марказӣ амалӣ шуд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро 15 март раҳбари нави ин кишвар эълон карданд. Коршиносон такрори сенарияро дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд.