Ҳамлаи Русия бар Украина даҳҳо ҳазор нафарро дар ин кишвар водор кардааст, ки ба таври фаврӣ ба хориҷа фирор кунанд. Онҳо ба ояндаи кишварашон, ки ҳар рӯз дар инзивои бештар қарор мегирад, хушбин нестанд. Бисёриҳо мегӯянд, тарс аз пайомадҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҳамла бар Украина ва эҳтимоли фиристодани мардуми бештар ба ҷанг сабаб шудааст, ки ҳама чизро бигузоранду ба кишвари дигаре бираванд.
"Муҳоҷират" аз Русия ба Тошканд
Аммо ба далели афзоиши рӯзафзуни таҳримҳо алайҳи Русия, онҳо барои кӯч бастан интихоби зиёде надоранд. Аксар кишварҳои ғарбӣ додани визаро ба шаҳрвандони Русия маҳдуд карданд. Ҳазорон парвози байнулмилалӣ бекор шуд.
Марина рӯзи 3-юми марти имсол ҳамроҳи шавҳар ва се кӯдакаш аз Русия ба Узбекистон фирор кардааст. Ӯ мегӯяд, “мо ба Тошканд билет харидем, чун зуд ва бо нархи мувофиқ дастрас кардем.”
Русҳо бештар ба кишварҳое мераванд, ки аз онҳо раводид талаб намешавад. Ба монанди Арманистон, Гурҷистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ. Туркия низ макони беҳтарин барои онҳост. Шахсоне, ки пули бештар доранд, ба Имороти Муттаҳидаи Араб мераванд.
Бисёре аз муҳоҷирони нави Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо барои қабули “қарори ҳаётӣ” ва тарки кишварашон танҳо чанд рӯз ё ҳатто чанд соат вақт доштанд. “Мо соати ҳафти бегоҳи 2-юми март барои парвоз дар соати дувуними субҳи 3-юми март билет харидем. Дар ду соат борҳоро ҷамъ карда, бо ду ҷомадон ба фурудгоҳ рафтем,” – нақл кард Марина.
Вай мегӯяд, ин эҳсос вуҷуд дорад, ки бо баста шудани баъзе дӯконҳо, аз кор мондани ширкатҳо ва аз рафҳо гум шудани молҳои хориҷӣ вазъ дар Русия боз ҳам бадтар мешавад ва ба зудӣ “ба худ нахоҳад омад”.
... ва Уш
Овозаҳо дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти ҳарбӣ аз ҷониби президент Владимир Путин дар аввали моҳи март сабаби воҳимаи бештар шудааст. “Мо тарсидем, ки рӯзи дигар сарҳадҳо баста мешаванд. Ҳамин тавр, ҳама чиз – хонаву мошинҳоямонро гузошта, ба сӯйи ҳавопаймо давидем,” -- гуфт Марина.
Юлия, шаҳрванди дигари Русия, ки ба Қирғизистон рафтааст, айни саргузаштро нақл кард. Ӯ гуфт, “мо ҳангоми ҷамъоварии чизҳо, дандоншӯяк ва собунро фаромӯш кардем, зеро хеле шитоб доштем.”
Юлия ва духтараш ҳоло дар як меҳмонхона дар шаҳри Уш қарор доранд. Вай гуфт, чанд шаҳрванди дигари Русия низ муваққатан дар Уш умр ба сар мебаранд ва дар онҷо иқдомҳои баъдии худро баррасӣ доранд.
Яке аз онҳо Яков аст, ки пас аз ширкат дар эътирозҳо алайҳи ҷанги Русия дар Украина кишварашро тарк кардааст. Ӯ аз ҷумлаи тазоҳургароне буд, ки аз тарафи пулиси Русия боздошт шуд, вале бо пардохти 10 ҳазор рубл (ҳудуди 105 доллар) ҷарима раҳо шуд.
“Аз оғози ҷанг қонунҳо сахттар шуданд ва мақомот озодиҳои мардумро, ки аллакай маҳдуд буданд, маҳдудтар карданд,” – шиква кард ӯ. Яков ба қонуне ишора намуд, ки 4-уми март тасвиб шуд ва барои паҳн кардани “хабарҳои бардурӯғ дар бора артиши Русия” то 15 сол зиндонро дар назар дорад.
“Намехоҳам дар ҷанги аҳмақона ширкат кунам ва бимирам”
Ҳазорон нафари дигар аз русҳо, ки аксарияташон ба сиёсат майл надоранд, Русияро тарк мекунанд. Тоҷири 40-сола Алексей Медведев аз тарси он ки, мумкин аст, дигар сафар карда натавонад, тасмим гирифт, аз кишвараш берун шавад. Ӯ ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш, ки ҳанӯз панҷсола нестанд, ба Туркия рафт.
“Мо на танҳо ба хотири фарзандон, балки барои худамон ҳам рафтем, то озод бошем ва ҳар он чизеро, ки аз дастамон меояд ва мехоҳем, анҷом бидиҳем. Ба ҷуз ин, намехоҳам дар ин ҷанги аҳмақона иштирок кунам ва бимирам,” -- гуфт Медведев ба Радиои Озодӣ.
Афзоиши нархи билети парвоз аз Русия ба Имороту Туркия
Теъдоди дақиқи муҳоҷирон аз Русия маълум нест, вале бар асоси гузоришҳо, то 12-уми март беш аз 200 ҳазор нафар аз ин кишвар хориҷ шудаанд. Нашрияи русии “Коммерсант” дар аввали моҳи март аз қавли раиси ширкати сайёҳии “Посошок” навишт, ки нархи билети ҳавопаймо ба баъзе самтҳо “осмонӣ” шуд.
“Ман дидам, ки одамон чӣ тавр билет мехаранд. Нархи билет аз Русия ба Дубай аз тақрибан 40 ҳазор рубл ($360) то ба 200 ҳазор рубл ($1800) боло рафт. Талабот зиёд буд,” – гуфтааст Кирил Фаминский. Вай афзудааст, билети ҳавопаймо ба Истанбул “панҷ маротиба гарон шуд”.
Елена Ханпира, ки рӯзи 3-юми март ҳамроҳи шавҳар ва фарзандаш ба Туркия рафтааст, мегӯяд, “бисёр одамонеро, ки мешиносам, муҳоҷират мекунанд.”
Ханпира ва шавҳараш ният доранд, “як-ду моҳ дар Туркия бимонанд ва кор биёбанд.” Онҳо ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки Туркияро хонаи нави худ интихоб кунанд ва ё ба кишвари севум кӯч банданд.
Марина ва шавҳараш дар Тошканд бо ҳамин мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Волидони ҷавон истисно намекунанд, ки мумкин аст фарзанди калонии онҳо соли оянда дар Тошканд ба мактаб биравад. “Ягона чизе, ки бовар дорем, ин аст, ки то замони аз қудрат дур шудани Путин ба Русия барнамегардем. Вай кишвари моро хароб мекунад. Мо тасмими дуруст гирифтем, ки онҷоро тарк кардем,” -- гуфт ӯ.