Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 15-уми март эълон кард, ки шумораи оворагони украинӣ, ки аз ҷанг ва бомбаборони артиши Русия ба кишварҳои дигар гурехтаанд, ба ҳудуди се миллион расидааст.
Дафтари умури паноҳҷӯёни СММ гуфт, то кунун ду миллиону 950 ҳазор нафар аз Украина гурехтаанд ва ин ниҳод худро барои кӯмак ба чаҳор миллион паноҳанда омада кардааст.
Дар пайи ҳамлаи рӯзи якшанбеи Русия ба як пойгоҳи низомӣ дар атрофи шаҳри Лвов, ки аз марзи Лаҳистон чандон дур нест, бахше аз сокинони ноҳияҳои ғарбии Украина низ ба мавҷи паноҳандагон пайвастанд, ки аз кишвар хориҷ мешавад. Бахши асосии паноҳҷӯёне, ки аз тариқи марзи Лаҳистон хориҷ мешаванд, аҳолии минтақаҳои шарқи Украина ҳастанд.
Як зан 40-солаи сокини Харков гуфт, "мо воқеан мехостем дар Украина бимонем, вале пас аз ҳамлаҳои Русия ба Лвов ба назар мерасад, ки ҳеҷ нуқтае дар кишвар амният надорад".
Бахши калони паноҳҷӯён ба кишварҳои ҳамсояи Украина, аз ҷумла, Лаҳистон, Маҷористон, Словакия, Руминия ва Молдова рафтаанд. Шумораи паноҳҷӯёне, ки вориди Лаҳистон шудаанд, беш аз як миллиону 800 ҳазор нафар аст.
Ба гуфтаи Дафтари умури паноҳандагони СММ, ҳудуди 300 ҳазор нафар аз паноҳҷӯён низ ба кишварҳои Аврупои ғарбӣ, аз ҷумла Олмон ва Фаронса рафтаанд. Масъули умури муҳоҷирати Комиссияи Аврупо рӯзи сешанбе гуфт, "агар ҳамбастагӣ нишон диҳем, метавонем вуруди паноҳандагони украиниро ба хубӣ танзим кунем".
Суханони ӯ ёдовари тасмими Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон аст. Хонум Меркел дар авҷи бӯҳрони муҳоҷирати солҳои 2015-2016, ки ҳудуди як миллион паноҳҷӯ ва муҳоҷирро, ки аз ҷанги дохилии Сурия гурехта буданд, бо шиори "Мо метавонем бӯҳронро идора кунем", дар Олмон пазируфт.
Дар марзи Украина ва Руминия дар сармои сахт, имдодгарон ва довталабон аз ҷумла, кормандони оташнишонӣ ба паноҳандагон кӯмак мекунад ва ин афрод ба василаи автобусҳое, ки аз қабл омода шудаанд, ба марказҳои муваққатӣ интиқол дода мешаванд.
Русия ҳамла ба маконҳои ғайринизомиро радд кардааст ва юриш ба Украинаро "як амалиёти вижа бо ҳадафи ғайринизомӣ кардани кишвар" хондааст. Аммо ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ иддаоҳои Русияро баҳонае барои нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии як кишвари демократӣ медонанд.