Президенти ИМА Ҷо Байден дастур дод, ки дар ҳаҷми 200 млн доллар барои мудофиаи Украина аслиҳа ва дигар кӯмаки лозимӣ ҷудо шавад.
Бо ин қарори охир, ки рӯзи шанбеи 12 март имзо шуд, ҳаҷми умумии кӯмакҳои ИМА ба Киев дар бахши амният дар як соли охир ба 1,2 миллиард доллар расидааст.
Пештар аз ин Конгресси ИМА кӯмаки фаврӣ ба Украинаро дар ҳаҷми 13,6 миллиард доллар тасдиқ кард.