Садбарг Раҷабова, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе, ҳар субҳ аробаашро барои ҷамъоварии партовҳои гуногун омода мекунад. Вай аз ду шавҳар чаҳор фарзанд дорад, аммо онҳоро танҳо ба воя мерасонад. Кумак намегирад. Ду фарзандаш мактаб мехонанд, дуи дигар дар ароба ҳамроҳи ӯ мегарданд.
"То 8-12-и шаб кор мекунем… 700 сомонӣ мегирем"
"То омадани бачаҳо аз мактаб, партовҳои наздики хонаро мегирам. Сипас ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ дода, то соати 8 ё 10-12-и шаб якҷо кор мекунем. Зарфҳои пластикӣ, селофан, партовҳои нарм ҷамъ меорем. Дар як моҳ 700-770 сомонӣ кор мекунем," – нақл кард ӯ. Суҳбати мо бо Садбарг Раҷабова охири моҳи феврали имсол сабт шудааст.
Ин зан дар як ҳавлии нимайварон бо фарзандон иҷора мешинад. Ҳар моҳ 350 сомонӣ мепардозад. Ӯ мегӯяд, чаҳор моҳ пеш зиндагияш чунин сахт шуд. Замоне ки шавҳари дувум ду фарзанди аввалашро, ба қавле, «нағунҷонд».
"Онҳоро хоҳарам нигоҳубин мекард. Ӯ фавтид ва ночор фарзандонро дигарбора ба тарбияи худ гирифтам. Шавҳари дувумам ба ин розӣ нашуд. Хост, кӯдаконро дар интернат гузорам, чи хеле ӯ фарзандони аввалашро суроғ намекунад. Писари калониям гуфт, агар моро ба хонаи ятимон супорӣ, худамро мекушам. Ман кӯдаконро интихоб кардам, аз шавҳар ҷудо шудам," – нақл кард Садбарг Раҷабова.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
«Омӯзгор будам, вале…»
Ӯ пеш аз шавҳар кардан чанд сол дар яке аз мактабҳои Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни математика кор кардааст. Хонум Раҷабова нақл кард, ки шавҳараш монеи фаъолият дар мактаб шуд ва дар байн вазъи саломатияш низ бад шуда, корро аз даст дод. Мегӯяд, омӯзгорӣ орзуи деринааш буд, вале феълан имкони бозгашт ба корро надорад.
Модари чаҳор фарзанд партовҳоро дар ҳавлии иҷорааш ҷамъ оварда, ба навъҳо ҷудо мекунад ва баъдан ба халтаҳо мерезад. Соҳиби манзили иҷора ба ӯ муҳлат додааст, ки хонаро холӣ кунад.
Дар як сол 13 714 талоқ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон даҳҳо нафар шабеҳи сарнавишти Садбаргро доранд. Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2021-ум 13 ҳазору 714 хонавода аз ҳам пошидаанд, ки нисбат ба як сол пеш 3 ҳазор маврид бештар аст. Аз ин талоқҳо ҳудуди 15 ҳазор кӯдак нимаятим мондаанд.
Омори расмии пошхӯрии хонаводаҳо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳар рӯз 37 оила ва моҳе беш аз 1100 оила вайрон мешаванд. Таҳлилгарон борҳо таъкид намудаанд, ки мушкилот дар оилаҳоро бояд ҷиддӣ гирифт, чун дар оянда барои кишвар оқибатҳои бад дорад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон, мегӯяд, "раванди талоқ табиист ва сабабҳои гуногун дорад". Ӯ моҳи феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, сабаби афзоиши талоқ дар он аст, ки бахше аз хонаводаҳо бо далели пандемия натавонистанд, сари вақт шаҳодатномаи талоқро дастрас кунанд ва ин корро дар соли 2021 анҷом доданд.
Баҳона чист?
Чунин арзёбии раиси Кумитаро чанде аз мусоҳибони мо дур аз воқеият хонданд. Баръакс, онҳо таъкид карданд, ки дар давраи пандемия бекориву мушкилиҳои иқтисодӣ бештар шуд ва фишори равонию муноқишаҳои хонаводагӣ низ афзуд. Омори қабл аз COVID-19 низ баёнгари он аст, ки пошхӯрии хонаводаҳо ҳар сол рӯ ба афзоиш будааст.
Сабаби афзоиши талоқҳоро дар кишвар мақомот ва рӯҳониён ба мушкилоти иқтисодӣ ва маърифати пасти хонаводаҳо пайванд медиҳанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфт, “дар бораи зану шавҳарӣ ё зиндагии шарикӣ маълумоту тасаввурот надоранд. Дар натиҷа, ноком мешаванд. Тарафи дигари масъала, чӣ тавре ба мо муроҷиат зиёд мешавад, даъвои оилавӣ, масъалаи камбизоатӣ аст."
Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ гуфта мешавад, ки ба қавли мутахассисон бояд ба он таваҷҷуҳи бештар шавад. Ҳарчанд масъулони Кумитаи кор бо занон борҳо таъкид намудаанд, ки дар доираи барномаҳои худ талош доранд, аз пошхӯрии хонаводаҳо пешгирӣ кунанд, коршиносон фаъолияти мақомотро дар ин бахш нокофӣ меҳисобанд.