Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбеи "ранҷу дарди тасаввурнопазир"-е, ки Русия ба сари мардуми Украина овард, маҳкум карданд, аммо дар нишасти худ, ки дар Фаронса баргузор шуд, дархости Киев барои узвияти ҳар чӣ зудтари ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро напазируфтанд.
Ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки бузургтарин ҳамла ба як кишвари аврупоӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм ба ин тараф ба шумор меравад, низоми амниятии Аврупоро барҳам зад ва пойтахтҳои аврупоиро ба бозандешӣ дар бораи сиёсатҳои иқтисодӣ, дифоӣ ва энержии ин иттиҳодия водошт.
Иттиҳоди Аврупо пас аз ҳамлаи Русия ба Украина таҳримҳои сахтеро алайҳи Маскав ҷорӣ кард. Ин иттиҳод ҳамакнун кӯмакҳои башардӯстонаро барои мардуми Украина фароҳам меоварад ва ҳамчунин артиши Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад.
Аммо дархости Киев барои суръат бахшидани раванди узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ихтилофро дар миёни раҳбарони ин иттиҳод ба вуҷуд овард. Андреҷ Пленкович, нахуствазири Хорватия дар нишасти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки то субҳи ҷумъа давом кард, гуфт, "ҳеҷ касе дар як шаб вориди Иттиҳоди Аврупо нашудааст".
Аз сӯе, Чарлз Мишел, раиси ин нишаст, бо ибрози ҳамдардӣ бо Украина ва ҳимояти ахлоқӣ аз ин кишвар гуфт, ки "Украина ба ҳама хонаводаи аврупоӣ тааллуқ дорад".
Аммо бархе дигар гуфтанд, ки бар хилофи хости президенти Украина Владимир Зеленкский, Украина иҷоза надорад ба ин зудӣ ва шитобзада вориди Иттиҳоди Аврупо шавад. Аз ҷумла, нахустазири Ҳоланд ба ин дархост мухолифат кард.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса аммо гуфт, айни замон имкони узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ба таври умумӣ рад нашудааст.
Вай изҳор дошт, "оё метавонем дарҳоро барои узвияти кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, боз кунем? Фикр накунам. Оё метавонем дарҳоро бибандем ва бигӯем, не? Одилона нест. Биёед эҳтиёткор бошем".
Узвият дар Иттиҳоди Аврупо маъмулан чандин сол идома мекунад ва шартҳои сахте дорад, аз ҷумла, суботи иқтисодӣ, решакан кардани фасод ва риояи ҳуқуқи башар.