Сафари нахустини "элбаси" пас аз ҳодисаҳои хунини Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев дар Анталия

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, бо даъвати президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 9-уми март барои иштирок дар форуми дипломатӣ ба шаҳри Анталияи Туркия рафтааст. Дар ин бора Айдос Укибой, котиби матбуотии Назарбоев хабар дод.

Дар шаҳри Анталияи Туркия рӯзи 10-уми март мулоқоти вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба ва вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар назар аст. "Ташкили мулоқоти ду вазир ташаббуси президенти Туркия аст," -- менависанд расонаҳо.

Ин сафари нахустини Назарбоев ба хориҷ аз Қазоқистон баъди ҳаводиси хунини моҳи январи он кишвар аст.