Абдуллоҳи Раҳнамо. "...ин тор нозук аст"

Акс аз бойгонӣ

Чӣ гуна занон адабиёти ҷаҳонгири моро офариданд?

(Ёддоште адабӣ бо шарҳи байте аз Ҳофизи Шерозӣ дар одоби гиромидошти зан ва маъшуқа ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии занон)

Абдуллоҳи Раҳнамо

Агар ба адабиёти оламгири форсию тоҷикӣ, ки рӯҳи миллӣ ва ифтихори тамаддунии мост, аз диди ҷойгоҳи зан нигарем, аввал чунин менамояд, ки аксари матни онро мардон навиштаанду дар садри сабку мактабу давраву ҳалқаҳои он маҳз мардон нишастаанд. Вале чун ба дохили ин водии ҳайрат пой гузорем, он гоҳ шигифтзада хоҳем шуд, ки ин адабиёти ба зоҳир мардсолор то чӣ андоза занмеҳвар аст!

Адабиёти бузурге, ки бо номи зан оғоз шудаву бо ишқи зан парвоз ёфтаву бо васфи зан давом ёфтаву бо лутфи зан ҷовидон гашта. Чӣ дар сатҳи адабиёти мардумиву шифоҳӣ ва чӣ дар сатҳи адабиёти касбию китобӣ; аз худи Одамушшуаро то имрӯзиёнаш:

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,

Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!

Дар васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,

Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод! (Рӯдакӣ)

Абдуллоҳи Раҳнамо

Ва бе ҳеҷ шакке метавон гуфт, ки маҳз зан ва симои зан ва тасвири зан ва ишқи зан бузургтарин мавзуъ ва рӯшантарин образи ин адабиёт будааст. Ин вуҷуди афсунгар гоҳе ба номи ҷону ҷонон, гоҳе ба номи дилу дилбар, гоҳо ба номи ёру нигор, гоҳе бо номи моҳу офтоб, гоҳо ба номи сарву гул, гоҳе ба номи шамъу маъшуқ, гоҳе ба номи ҳиндуву турку тоҷик дар саҳифаҳои фарохи ин водӣ ба ҷилва даромадаву ҳамчун мавзӯи ҷовидонӣ ва султони ин қаламрав тамоми тӯлу паҳнои онро дар ихтиёр гирифтааст. Ва бузургони моро, ба қавли некӯи Рӯдакӣ, дар ишқи худ «бадомӯз» доштааст:

Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам,

Ба гуфтугӯи ту хезам, ба ҷустуҷӯи ту бошам. (Саъдӣ)

***

Гар хоб кунам шабҳо в-ар хона равам танҳо,

Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам. (Ҷомӣ)

Ин аст, ки шоирони мо дар тавстфи ӯ, балки дар тавсифи ҳар тори мӯю ҳар ишорати абрӯи ӯ ё дар тасвири лаъли лабу даври ғаб-ғабу пистаи даҳону зираи дандони ӯ ва дар баёни соқи симину нози ширину банди миёну сарви равони ӯ дарё-дарё байту рубоиву ғазалу қасидаву достон сурудаанд. Нависандагони мо низ боб-бобу ҷилд-ҷилд достону саргузаштҳои ишқӣ навиштанд, ки ҳамагӣ даври номи зану ишқи зану тасвири зан чарх мезананд. Ва ҳамин гуна, зан, ҳусн, ишқ ин адабиётро адабиёт кардааст:

Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,

Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад!

То ҷое, ки дар фалсафаву таълими ин адабиёт арзиши меҳварии ҷаҳони ҳастӣ, нерӯи танзимгари низоми олам ва омили бақои он маҳз ишқ будааст:

Даври гардунҳо зи мавҷи ишқ дон,

Гар набудӣ ишқ, кай будӣ ҷаҳон? (Мавлонои Балхӣ)

Ва то ҷое, ки дар тасвиру тасаввури ин адабиёт арзиши меҳварии ҳаёт ишқ будаву авҷи қаҳрамонии як инсон ошиқӣ, мафҳуми мардонагию ашрофият дар ишқ хулоса гаштаву олитарин корномаи як мард вафодорӣ дар роҳи ишқ ва ё қурбонӣ гаштан дар кӯйи маъшуқ ба шумор мерафтааст. Ва он ҳам марге бисёр зебо ва мутантан ва пурифтихор ва ҷоннисор:

Гар биёӣ диҳамат ҷон, гар наёӣ кушадам ғам,

Ман, ки мемирам аз ин ғам, чӣ биёӣ, чӣ наёӣ. (Саъдӣ).

​Ҳатто дар давраҳое, ки «фақеҳи замон»-у «муфтии шаҳр» тасвири маъшуқи ҳақиқиву баёни ишқи зиндаро накӯҳиш мекард, адабиёти бузурги мо боз ҳам ин мавзӯи ҷовидонаро идома доду бо ҳазорон розу пардаву ишораву киноя ишқро ҳамчунон сурудааст. То ҷое, ки ишқ ба маъшуқи абад низ бо ҳамон қолабу таъбиру тасвирҳои ишқи бутону моҳрӯён омехтаву бо забону истилоҳоти он баён шудааст. ҳамон хатту холу чашму абрӯ, ҳамон сарву қадду зулфу гесу:

Дар намозам хами абрӯи ту бар ёд омад,

Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад…

Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,

Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад. (Ҳофиз)

Ва ё сухан сахт пӯшидаву печидаву мармуз сохтанд, «то ки ҳамсоя надонад, ки ту дар хонаи моӣ»:

Бад-он маънӣ, ки ориф зулф гӯяд,

Назар дар печу тоби ҳеҷ мӯ нест.

Баёни орифонро истилоҳест,

Ки ҷуз ориф касеро гуфтугӯ нест... ("Гулшани роз"-и Шабистарӣ)

Ва ҳамон гуна, ки ҳусни гул боиси зебоии садои булбул гаштаву ишқи гул ҳунари булбулро офаридааст, маҳз вуҷуду ҷойгоҳи зан ва ишқи поку бепоён бар ӯ ин адабиёти бузурги форсии тоҷикиро ба миён овардааст:

Булбул аз завқи гул омӯхт сухан, варна набуд,

Ин ҳама савту ғазал таъбия бар минқараш. (Ҳофиз)

Ҳамон гуна, ки агар Лайлие набудӣ, Маҷнуне низ намебуд ва агар Ширине набудӣ, Фарҳоде низ намебуд ва агар Манижае намебуд, ишқи Бежане намебуд, ҳамин гуна Вису Ромину Вомиқу Узрову Тоҳиру Зуҳро… Яъне агар маъшуқе набуд, ошиқе низ намебуд… Ва ҳамин гуна пайвастагиву вобастагии унсуриву абадии ин ду маънӣ:

Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ,

Оре, оре, ин ду маънӣ ошиқи ҳамдигаранд! (Ҳилолӣ)

Аз ин нигоҳ, фоҷеаи ширин ва саҳнаи марказии адабиёти мо ҳамин фурӯ рехтани ҳастии ошиқ бар пойи маъшуқ, хокистар шудани парвона даври шамъ ва ё фидокории мард барои зан аст. Ин аст, ки на танҳо мавзӯи асосӣ, балки соҳибу муаллифи асосии ин адабиёт низ маҳз зан мебошад. Ин фарши зебо ба пойи ин маликаи якто густурда шудааст… Ба ин маъно, ин шоҳкори ҷаҳонии моро, ки бо он ифтихор дорем, МАҲЗ ЗАН ОФАРИДААСТ!

Ба эътирофи Саъдӣ:

Ҳама гузаштаи ман олимони дин буданд,

Маро муаллими ишқи ту шоирӣ омӯхт.

Ва дар идомаи он суннати некӯ, адабиёти навину навтарини мо низ таровише аз ишқи зан, шефтагие бар ҷойгоҳи зан ва таслимие пеши мақоми зан будааст ва ҳаст: аз «зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо»-и Устод Турсунзода то «дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст»-и Устод Лоиқ ва “модар фаришта буд”-и Озар. Ва ин мавзӯъ ҳамоно ҳамчун мавзӯи аввалу олии ин адабиёти боқӣ мемонад ва боз ҳам беҳтарин тасвиру таъбирҳоро меофарад:

Ин кӯҳи лолагардан,

Монанди дилбари ман,

Аз мавҷи лола хуни гарми занона дорад.

Ин дарраи чаканпӯш, сурхида то баногӯш,

Шарми занона дорад…

(Бозор Собир)

ИШҚ КОРИ НОЗУКОНИ ХОМ НЕСТ!

Миёни ошиқони шоиру шоирони ошиқи адабиёти мо Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз ононест, ки на танҳо мавзӯи ишқро то авҷи бемунтаҳо бурдааст, балки худ барангехтаи ишқ буда, дар оини ишқу вафо камоли риндиву ҷавонмардиро бахшандагиро дарёфтааст:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро!

Ва ин ишқ дар тасвиру таҷрибаи ӯ ба ҳадде зебову поку шариф аст, ки тӯли садсолаҳо ҳамчун сармашқи ошиқону покбозони ҷаҳон боқӣ мондааст. Ва шояд дар тамоми таърихи суханварӣ ё аз рӯзе, ки сари зулфи аруси суханро бо шонаи қалам ороиш медоданд ва онро бо ҳунарҳои нафиса зевар мебастанд, касе дар тасвири ишқ ва тамҷиди маъшуқ ва ифшои маъонии он ба ҷойгоҳи Ҳофиз нарасидааст:

Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,

То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

Ва дар девони ӯ, ки як девон ишқ аст, ғазале дар одоби ишқварзӣ омадааст, ки шарҳи кӯтоҳи ду байти аввали он барои гиромидошти занону дилбарону модарону хоҳарон ва таълими мардону ошиқон дар муносибат бо онон бисёр муносиб мебуд. ғазал чунин оғоз ёфтааст:

Субҳидам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:

«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»

Гул бихандид, ки "Аз рост наранҷем, вале

Ҳеч ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт"…

Ба ин маънӣ, ки соати шукуфтани гул, мурғи саҳар, яъне булбул ба ӯ хитоб кард, ки «ноз кам кун», зеро ту яктову танҳо нестӣ ва дар ин боғ ба мисли ту гулҳои зиёде шукуфтаанд. Гул аз шунидани ин сухан аввал бихандиду сипас гуфт, ки «бале, мо аз ҳақиқат намеранҷем, аммо ҳаргиз ошиқ ба маъшуқ сухани сахт намегӯяд». Зоҳири ин байтҳо ҳамин аст…

Аммо дар нигоҳе жарфтар Ҳофизи дақиқназар дар ин ду байт ба василаи гуфтугӯӣ гулу булбул ба яке аз меъёрҳои баланди ишқ таъкид варзида, барои ошиқону раҳравон дарси бузург мегузорад, ки он сабақи ахлоқу мардонагиву ҷавонмардӣ дар кори ишқ аст. Сабақе, ки хоса барои ҷавонони имрӯзи мо дар муносибат бо занону духтарон шуниданиву омӯхтанист. Ин маънии баландро ҳамроҳ бо шарҳи манзара ва мазмуни гуфтугӯи «гулу булбул» метавон дар нуктаҳои зерин дарёфт:

Булбул, ки даъвои ишқи гул дошт ва сари шохи гулбун дар нола буд, аз тӯл ёфтани лаҳзаи шукуфтану рӯнамоии гул ба танг омаду нисбат ба гул сухани дуруштро раво дид. Ин ҳолат тасвире аз бесабриву сабуксории ошиқи хому даъвогари ишқ аст, ки на қудрати сабр дораду на тоби нози маъшуқ. Ва танҳо дар пайи он аст, ки гул ҳарчӣ зудтар бишукуфаду ӯ ба висол бирасад. ҳоле, ки имрӯз низ дар водии ишқу зиндагӣ аз ҷавонони хоми булҳавасу шитобзада мушоҳида дорем. Бехабар аз он, ки дар ин роҳ: Эй басе дур, ки ба нуки мижаат бояд суфт!

Аммо гули тозаву навхоста чуноне, ки табиати ӯст, бо ишваю ноз ва бо қиссаи дароз парда аз рухи зебо боз мекунад ва бо табассуму ғамзаву хумор мешукуфад. Ин манзара тасвире аз маъшуқаи ҷавони навхостаи бландназарест, ки бо як ишорату як сухани маъшуқ аз ҷойгоҳи нози худ фурӯ намеояд ва барои расидан ба висолаш сабру таҳаммулу интизориҳои зиёд мебояд. Чизе, ки имрӯз ҳам шарафу зебоии маъшуқ дар он аст ва бояд чунин бимонад.

Карашма теғу мижа ханҷару нигоҳ алмос,

Шаҳодат ар талабӣ, дашти Карбало ин ҷост! (Зебуннисо)

Булбули булҳавас ё ошиқи носабур, тоби ин манзараи нозу ниёзро наёварда, ба маъшуқ бонги дурушт мезанад, ки аввалан, ноз кам кун ва зудтар чеҳра бикушо ва висол муяссар соз, сониян боз ҳам қиёси носазое мезанад, ки бидон, ки дар олами ҳусн ту танҳо нестӣ ва дар ин боғ гулҳое чун ту бисёр буданду ҳастанд ва марои интихобу ихтиёр фарох аст! Ба забони имрӯз, ошиқ ба маъшуқ таън мебандад, ки агар ноз мекунӣ ва тӯл медиҳӣ, дар ин шаҳр ҳазорон зебои дигар низ ҳаст. Бале, ин суханест, ки аз мардони мағруру ошиқони носабур ва аз муддаиёни хасу ҷавонони булҳавас то имрӯз низ бисёр шунида мешавад, ки «сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре!»

Ва бузургии сабки Ҳофиз дар он аст, ки ин манзараи фоҷеавиро дар худи байти оғозини ғазал чун барқи ногаҳонӣ ба тасвир мекашад. Мисли он сурудаи мушобеҳе, ки:

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард,

Ки ишқи рӯи гул бар мо чиҳо кард?!

Аммо дар байти дуввум Ҳофиз ин муамморо кушода, он ҳадафи аслӣ ё сабақи мактаби ишқро, ки дар назар аст, ба миён мегузорад. Дар он аввалан, вокуниши бузургворонаи маъшуқ дар баробари ошиқи густоху носабур бисёр олист, ки «гул бихандид, ки аз рост наранҷем!» Яъне, маъшуқа ба ҷойи қаҳру гиряву ранҷиш(!), ки нишони заъфу бечорагист, бо камоли оромиш ва бо хандаи бисёр зебо, ки баёнгари қудрату шахсияти ӯст, ба ин густохии муддаъӣ ҷавоб дод, ки бале, дар ин боғ гулҳои дигаре низ ҳастанд ва ин сухан рост аст ва мо аз сухани рост намеранҷем. Маъшуқе қавӣ, бузургвор ва устувор:

Ин ки мегӯянд он хуштар зи ҳусн,

Ёри мо ин дораду он низ ҳам. (Ҳофиз)

Аммо дар камоли ин қудрату оромиш ӯ ногоҳ суханро бо як «вале»-и гардишӣ ба нуктаи авҷ мекашад, ки «ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт!» Яъне, эй ҷавони хоми булҳавас, бале, ту ҳақиқатро гуфтӣ, аммо ҳақиқати басе болотару бузургтар аз ин ҳаст, ки агар ту ошиқи ростин мебудӣ ва ё оини мардонагӣ мешинохтӣ ва агар аз роҳу расми ошиқӣ огоҳ мебудӣ, ҳаргиз ба маъшуқ сухани талх намегуфтӣ! Зеро як ошиқи ҳақиқӣ ҳаргиз дар роҳи ишқ чунин бесабриву густохӣ намеварзад ва нисбат ба маъшуқ сухани талх намегӯяд ва як мард нисбат ба як зан ҳаргиз чунин таҳқирро раво намедорад!

Кам кун сухан, ки хотири дилдор нозук аст,

Бори гуҳар намекашад, ин тор нозук аст!

Пас нолаи булбуливу даъвои ошиқии ту аз бех козибу ҳеҷ аст!

Ба ин восита маъшуқ аз баландии камолу каромат ба ошиқ ёдрас мекунад, ки ту ошиқ нестӣ, балки ҷавонмард низ нестӣ, ки чунин кардаву чунин гуфта метавонӣ. Пас сазовори ошиқӣ низ нестӣ! Ё ба ин восита устоди сухан ва мураббии ишқ Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ба пайравону раҳравони ишқ таълим медиҳад, ки як ошиқ ва як мард ҳаргиз наметавонад нисбати маъшуқ ва нисбати зан сухани носазо бигӯяд. Ин ҷо ибораи «ҳеҷ ошиқ» маънӣ ва ҳукмро мутлақ мекунад, ба он маъно, ки ҳеҷ ошиқи ҳақиқӣ чунин карда наметавонад ва агар чунин бикунад, пас ошиқ нест. Ё ҳеҷ марди ҳақиқӣ нисбати зан чунин карда наметавонад ва агар чунин кардааст, пас марди ҳақиқӣ нест.

Паёму сабақи асосии байт ва ғазал низ маҳз ҳамин аст! Ва муҳимтар аз ин, устоди ишқу ҷавонмардӣ - Ҳофизи бузургвор ба ин восита ошиқи носуфтаву густохро маҳкум мекунад ва ҳусни дигаре аз маъшуқро ба ҷилва медарорад ва дарси дигаре ба раҳравон мегузорад...

Ин аст бардошти бузургони мо аз ишқ, аз зан, аз одоби муоширату муносибат бо ҷинси латиф! Ва ин аст дарси бузурге аз одоби ошиқӣ, аз ахлоқӣ риндиву ҷавонмардӣ, аз мактаби инсонсози ишқ. Дарсе, ки мардону ҷавонони имрӯз низ бояд дар гӯш дошта бошанд, то дар мактаби ишқу адаб зиндаву бузург гарданд. Чуноне, ки шоҳсутуни ин мактаб Мавлонои Румӣ фармудааст:

Ишқ кори нозукони нарм нест,

Ишқ кори паҳлавон аст, эй писар!

РӮЗИ ЗАНОН, МОДАРОН ВА ХОҲАРОН ГИРОМӢ БОД!

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.