Тоҷикистон аз 15-уми марти имсол марзи худро барои равуо бо Узбекистон пурра боз мекунад. Сарҳади ду кишвар аз моҳи апрели соли 2020, бо далели хуруҷи пандемияи COVID-19, расман баста буд ва дар ин муддат танҳо ронандаҳои мошинҳои боркаш ҳаққи гузаштан доштанд. Коршиносон дер боз шудани марзро бо Узбекистон яке аз омилҳои ба вуҷуд овардани фасод дар гузаргоҳҳо гуфта буданд. Чун ним соли охир шикоятҳои зиёде аз "ҳақситонӣ" дар марз расонаӣ шуда буд.
Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон шоми 7-уми март хабар дод, ки гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистон "ба реҷаи оддӣ гузаронида шуд".
Дар хабарномаи Ситод омадааст, акнун қоидаҳои вуруд ба Тоҷикистон сабуктар шуданд. Аз ҷумла, акнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам хориҷиён метавонанд бо доштани гувоҳнома дар бораи пурра эм шудан аз коронавирус, бе супоридани ташхиси нав вориди Тоҷикистон шаванд. Пештар шаҳрвандон вазифадор буданд, ҳангоми даромадан ба Тоҷикистон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ, аз нав ташхиси гирифтор набудан ба COVID-19-ро супоранд.
Сабукии дигар ин аст, ки "ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи "манфӣ", ки то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд".
Дар Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 гуфтанд, тасмими пурра боз кардани марз ба хотири ба эътидол омадани вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти робитаҳо бо Узбекистон гирифта шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон моҳи апрели соли 2020 гузаргоҳҳои марзии худ, аз ҷумла бо Узбекистонро ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 баста буданд. Бар асоси тартибе, ки то ин дам ҷорӣ буд, шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Узбекистон бояд аз Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 иҷозат мегирифтанд. Тартибе, ки ба навиштаи расонаҳо, омили ба вуҷуд омадани фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистон шуда буд.
Аз моҳи июли соли гузашта ба ин тараф шикоятҳо аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ зиёд буд. Сокиноне, ки мехостанд ба Узбекистон раванд, аз он норозигӣ доштанд, ки дар вақти убур марзбонони тоҷик бо ҳар баҳона аз онҳо маблағ талаб мекунанд.
Сомонаи Cabar моҳи феврали имсол бо нашри тадқиқоте навишт, "шикояти сокинон дар мавриди ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ҳақиқат дорад". Ин сомона навишт, "номуайянӣ, яъне расман кушода ё баста будану набудани сарҳад барои зуҳури фасод дар гузаргоҳҳои марзӣ замина фароҳам кардааст. Дастикам панҷ шаҳрванди Узбекистон ба CABAR.asia гуфтанд, "баҳона"-и аслӣ барои "ҳақситонӣ" аз онҳо, "кушода набудани марз" будааст".
Расонаи узбекии Kun.uz ҳам моҳи ноябри соли гузашта дар бораи мавридҳои тамаъҷӯӣ дар марз бо кишварҳои ҳамсояи Узбакистон, аз ҷумла дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон хабар дода буд.
Мақомоти тоҷик ҳолатҳои ҷой доштани фасод дар гузаргоҳҳои марзиро қисман эътироф мекунанд. Аз ҷумла, сомонаи Cabar аз қавли масъулини Оҷонсии зидди фасод навиштааст, соли гузашта як ҳолати фасод дар гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунузода ошкор шуда, гунаҳкор муҷозот шуд.
Масъулони Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд ҳам гуфтанд, соли гузашта як занеро бо ҷурми қаллобӣ боздошт карданд, ки бо ваъдаи бе мушкил гузаштан аз марз аз сокинон маблағ гирифтааст.
Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ амал мекунанд.